МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ «НОРАК- ЗИДДИТЕРРОР-2009» ОҒОЗ ШУД
Душанбе, 17 апреля. ( АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Дар машқгоҳи ҳарбии «Фахробод», даври аввали машқҳои муштараки ситодӣ Фармондеҳӣ, таҳти унвони «Норак- Зиддитеррор-2009» оғоз гардид. Ин чорабинӣ дар доираи нақшаи ягона ва мутобиқи қарори шӯрои минтақавии мақомоти зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай сурат мегирад. Тавре аз маркази матбуоти вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, машқҳои муштараки зиддитеррристӣ дар ду давра доир гашта, дар он гурӯҳҳои фаврӣ ва ҷузъу томҳои таъиноти махсуси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон, Федерасияи Руссия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат меварзанд. Ҳадафи ташкилу ба роҳмондани машқҳо, ин ҳамоҳангии ҳайати шахсии ширкаткунандагони он дар ташкили амалиёти зиддитеррористӣ, сайқал додани омодагии касбию маҳорати ҷангӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ ва пурзӯр намудани омодагии ҷузъу томҳо дар муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва сепаратизм мебошад. Дар машқҳо ҳавопаймо ва чархболҳои ҳарбӣ, техникаҳои гуногуни вазнини зиреҳпӯш ва яроқу аслиҳаҳои мухталифи ҷангӣ истифода мегарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






