МЕКСИКА БА ОМӮЗИШИ ТАҶРИБАИ ТОҶИКИСТОН МАНФИАТДОР АСТ

Апрель 23, 2009 14:38

                 Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сафири нави фавқулодда ва мухтори Мексика дар Тоҷикистон Артуро Эрнандес Басаве мулоқот кард. Сафир ба Сарвари давлати Тоҷикистон эътимодномаи худро супорид.                 Артуро Эрнандес Басаве баъди маросими супоридани эътимоднома зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки ҳамроҳи Президент масъалаҳои равнақу ривоҷи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намудааст. Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Мексика ба ин манфиатдор мебошад. Тоҷикистону Мексика дар доираи созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла СММ самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамкории онҳо дар соҳаи истифодаи оқилонаю самарабахши об низ торафт вусъат меёбад, гуфт сафири Мексика.                   Вай афзуд, ки ба Президенти Тоҷикистон барои дастгирии номзадии Мексика дар Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ миннатдорӣ баён кардааст.                    Зикр шуд, ки ҳар ду кишвар дар соҳаҳои илму технология, гидроэнергетика, саноати бофандагӣ, химия ва ғайра самарабахш ҳамкорӣ карда метавонанд. «Ман ба Президенти Тоҷикистон ваъда додам, ки барои рушди мунгосибатҳои иқтисодии мамлакатҳоямон ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳам бурд. Проблемаи об имрӯз дар саросари ҷаҳон аҳамияти ҷиддӣ пайдо кардааст.  Дар шароити имрӯза об на танҳо барои таъминоти аҳолӣ, балки барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти саноат кифоя намекунад. Соли 2007 дар Мексика конфронси байналхалқии баъхшида ба проблемаҳои об баргузор гардида буд. Чунин конфронс соли 2008 дар Тоҷикистон ва баъди як сол дар Туркия гузаронида шуд. Мо аз захираҳои фаровони об дар Тоҷикистон ва таҷрибаи бои мамлакати Шумо дар соҳаи истифодаи об ба хубӣ огоҳем», — гуфт сафир. Мексика ба омӯхтани таҷрибаи Тоҷикистон дар ин соҳа манфиатдор мебошад, гуфт А.Э.Басаве.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, инчунин, бо сафири Филиппин дар Тоҷикистон Ҷейм Ямбао, сафири Австралия дар Тоҷикистон Маргарет Эйлин Туми ва Муншии умумии СААД Николай Бордюжа мулоқот хоҳад кард.

Апрель 23, 2009 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд