МЕЪЁРИ ИСТИФОДАИ БАРҚ БАРДОШТА ШУД, ВАЛЕ…

Апрель 15, 2009 11:15

                  Душанбе, 15апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маркази хизмати дистпечерии Ҷамъияти саҳҳомии холдингии «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, ки меъёри истифодаи барқ пурра аз миён бардошта шудааст, мустасно аз баъзе деҳоти дурдасти кишвар, ки дар як рӯз 18-20 соат бо барқ таъмин карда мешаванд.                  Воридоти барқ аз ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода мешавад. Ҳар рӯз аз ин ҷумҳуриҳо баТоҷикистон 14-16 млн. кВт соат барқ ворид мегардад.                  Дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсоли барқ дар як рӯз 20 миллион кВт соатро ташкил медиҳад.                  Баъди як моҳ интиқоли барқи Тоҷикистон ба ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Ӯзбекистон оғоз мегардад. 

Апрель 15, 2009 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад