МУҲАММЕДОВ ТАЙЁРАҲОИ ЗАМОНАВӢ МЕСОЗАД
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба иттилои собиқ директории филиали ММЗ ба номи Микояни шаҳри Душанбе, Фатҳиддин Муҳаммедов, Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳои самолётсозиро дорад. «Ман,- мегӯяд Фатҳиддин Муҳаммедов, дар Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаи самолётсозиро ба роҳ мемонам, Тоҷикистон барои ба роҳ мондани чунин соҳа ҳамаи имкониятҳоро дорад. Дар шароити бозоргонӣ самолётҳои хурди ватанӣ харидори зиёд пайдо карда метавонанд ва садҳо нафар дар Ватан соҳиби ҷои кор мегарданд».Тибқи шартномаю созишномаҳои давлатӣ дар лабораторияҳои ШДММ «Евразия — Миг» садҳо нафар мутахассисҳои ватаниро тайёр кардан имконпазир аст. Ба гуфти Ф.Муҳаммедов, тамоми лоиҳаҳои ӯ ба ин самт равона карда шудаанд. Фатҳиддин Муҳаммедов дар доираи самолётсозии ҷаҳонӣ шахсияти эътироф шудааст.








Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид






