МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ НАТО ДАР ВКХ
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҳайати Ассамблеяи Парламентии НАТО-ро бо сарварии Муншии умумии он Дэвид Хоббс баҳузур пазируфт. Чи тавре, ки ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ хабар доданд, дар рафти суҳбат дар бораи ҳамаи самтҳои ҳамкории Тоҷикистон ва НАТО дар давраи ҳозира табодули назар сурат гирифт. Зимни мулоқот роҳу усулҳои амалӣ сохтани Барномаи «Шарокат барои сулҳ» ва барномаи алоҳидаи ҳамкорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Мусоҳибон баъдан вазъияти минтақа, аз ҷумла проблемаи Афғонистонро баррасӣ намуданд. Ҳ. Зарифӣ НАТО-ро даъват кард, ки ҳамкориро бо мамлакатҳои минтақа бештар густариш диҳад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






