МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ТАЙЁРӢ БА МАВСИМИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН

Апрель 2, 2009 15:12

                Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон О.Оқилов дирӯз дар масъалаи омода сохтани соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2009 — 2010 бо роҳбарон ва кормандони масъули вазорату идораҳои ҷумҳурӣ машварат гузаронд. Дар он нақшаи тадбирҳои сари вақт омода сохтани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба кори муттасилу самарабахш дар фаслҳои тирамоҳу зимистон муҳокима шуданд. Қайд карда шуд, ки зиёда аз 60 фоизи маҳсулоти умумии дохилии кишвар дар ҳамин мавсим истеҳсол карда мешавад.               О.Оқилов дастурҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар маҷлиси 31 март баргузоргардидаи Ҳукумат ёдовар шуда, изҳор намуд, ки вазорату идораҳои дахлдор бояд дар асоси онҳо тадбирҳои самарабахш андешанд. Иштирокчиёни машварат пешниҳодҳо ва мулоҳизаҳояшонро роҷеъ ба ин масъала баён намуданд.  

Апрель 2, 2009 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд