МУЛОҚОТИ ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ БО ГУРБОНГУЛИ БЕРДИМУҲАММЕДОВ
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Имрӯз, 10 апрел вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷараёни сафари худ ба Ашқобод бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистонро дар соҳаҳои мухталиф, бахусус иқтисодию иҷтимоӣ, энергетика, вусъат додани гардиши мол ва ғайра муҳокима намуданд. Инчунин, оид ба масъалаи тайёрӣ ба гузаронидани рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон ва гузаронидани ҷаласаи якҷояи комиссияи муштараки Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе табодули назар карда шуд. Ҳамзамон, худи ҳамин рӯз Ҳамрохон Зарифӣ дар Туркманистон бо вазири корҳои хориҷии Казоқистон Марат Тоҷин мулоқот кард. Зимни ин мулоқот густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон ва нақшаи баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баррасӣ гардид. Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз 9 апрел инҷониб ҷиҳати иштирок дар кори Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ашқобод қарор дорад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






