МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО ЁВАРИ КОТИБИ ДАВЛАТИИ ИМА
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз бо ёвари Котиби давлатии ИМА дар масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ричард Баучер мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ, проблемаҳои минтақа, аз ҷумла, вазъияти Афғонистон муҳокима шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Р.Баучер як рӯз пеш барои боздиди дурӯзаи корӣ ба Душанбе омада буд. Вай субҳи имрӯз бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.