МУЛОҚОТИ ДУХТУРОНИ САРАТОНШИНОС ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). — Субҳи имрӯз дар Душанбе маҷлиси 30 — уми Иттиҳоди директорони пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои саратоншиносӣ, таҳқиқи шуои радиатсионӣ ва рентгенологии мамлакаҳои ИДМ кушода шуд. Дар он 16 нафар роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва олимони соҳа ширкат меварзанд. Маҷлисро раиси Академияи илмҳои тиббии Русия, директори Донишгоҳи давлатии Маркази илмии саратоншиносии Федератсияи Русия ба номи Н.Блохин Михаил Давидов кушод. Масъалаи асосии рӯзномаи маҷлис баррасии масъалаҳои тайёрӣ ба анҷумани 6 — уми саратоншиносони ИДМ мебошад, ки соли 2010 дар Душанбе баргузор мегардад. Дар маҷлис инчунин, проблемаҳои соҳаи саратоншиносии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд. Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои табобати бемориҳои саратон тадбирҳои самарабахш меандешад. Барои ин тадқиқоти васеи илмӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Тоҷикистон мисли мамлакатҳои дигари ҷаҳон тамоили афзоиши бемории саратон мушоҳида мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокчиёни маҷлис имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар конфронси илмӣ ширкат меварзанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






