МУЛОҚОТИ САРВАЗИР
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов имрӯз бо сафири нави Швейтсария дар Тоҷикистон Стефан Неллен мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаҳои гидроэнергетика, ҷалби сармоя, тандурустӣ, омода сохтани кадрҳо ва сафару сайёҳат баррасӣ шуданд. О.Оқилов пешниҳод намуд, ки Швейтсария дар тадбирҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва бунёди корхонаҳои муштараки тавлиди қисмҳои эҳтиётӣ барои нерӯгоҳҳои барқи обӣ саҳм гузорад. Вай ба Ҳукумати Швейтсария барои расондани кӯмаки молиявӣ изҳори сипос намуд. Стефан Неллен зикр кард, ки айни ҳол коршиносони ҳар ду мамлакат лоиҳаи нави Созишномаҳои ҳамкориро таҳия месозанд ва онҳо охири ҳамин сол барои муҳокима ва имзо пешниҳод карда мешаванд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






