МУНОҚИШАИ РУСИЯ ВА ТУРКМАНИСТОН ДАР МАСЪАЛАИ ХАРИДУ ФУРӮШИ ГАЗИ ТАБИӢ

Апрель 15, 2009 15:25

                    Ашқобод, 15 апрел. (АМИТ «Ховар» — «Коммерсант»). — Тавре хабар дода шуда буд, шаби 9 апрел дар шохаи газопроводи Давлатобод — Дарёлиқи Туркманистон дар газопроводи магистралии Осиёи Марказӣ — Марказ дар наздикии сарҳади Ӯзбекистон таркиши сахт ва сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷа интиқоли гази табиӣ аз Туркманистон ба Русия қатъ гардид.                     Ба ақидаи мутахассисон, сабаби рух додани ин фалокат якбора зиёд гардидани фишори газ дар трубопровод мебошад. Хабар дода мешавад, ки ширкати «Газпром» — и Русия як рӯз пеш аз ин интиқоли гази табииро аз Туркманистон якбора 90 фоиз кам кард. Дар ин бора ба мамлакатҳои интиқолдиҳандаи гази табий як рӯз пеш хабар дода шуд.    Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба камшавии фишори газ дар трубопровод пешакӣ тайёрӣ диданд, вале Туркманистон ба ин фурсат наёфт. Имрӯзҳо муҳокимаи сабабҳо ва ҳолатҳои рух додани таркиш муҳокима карда мешавад. Вале масъалаи маҳрум гардидани Туркманистон аз манбаи асосии даромад аз фурӯши газ ба Русия мавриди муҳокима қарор дода намешавад.                     Бояд гуфт, ки Туркманистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ шарики асосӣ ва калонтарини «Газпром» мебошад. Соли 2008 дар Туркманистон 70,5 миллиард метри мукааб газ истихроҷ карда шуда буд, бештар аз 47 миллиард метри мукааби онро «Газпром» харидорӣ карда буд. Соли 2009 дар ин ҷо истихроҷи бештар аз 75 миллиард метри мукааб гази табиӣ пешбинӣ карда мешавад. Бештар аз 51 миллиард метри мукааби он барои интиқол ба Русия пешбинӣ шудааст.                     Туркманистон иқдоми «Газпром» — ро ҳамчун ба таври якҷониба ва дағалона вайрон кардани шартҳои қарордоди хариду фурӯши газ номид. Бо вуҷуди ин масъалаи фурӯши гази табиии Туркманистон ба Русия ба таври ҷиддӣ баррасӣ карда намешавад. Ҳол он ки имконияти муҳокимаи он вуҷуд дошт. Зеро чанд рӯз пеш дар пойтахти мамлакат — шаҳри Ашқобод мулоқоти вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои ИДМ баргузор гардид ва дар он вазири корҳои хориҷии Русия С.Лавров иштирок дошт.                      С.Лавров баъди мулоқоташ бо Президенти Туркманистон Қ.Бердимуҳаммадов ба хабарнигорон гуфт, ки фалокати газопровод масъалаи технологист ва онро мутахассисони ҳар ду кишвар ҳаллу фасл менамоянд.                     Маскав барои ҳалли ин масъала муовини директори генералии ширкати «Газпром» Валерий Голубевро ба Ашқобод фиристод. Вале ӯ баъди як рӯз шитобкорона ба Маскав баргашт.                    Қайд карда мешавад, ки қатъ гардидани интиқоли гази Туркманистон ба Русия барои иқтисодиёти мамлакат зарари калон мерасонад. Дар Туркманистон анборҳои зеризаминии захираи газ вуҷуд надоранд. Бинобар ин роҳи ягона муваққатан боз доштани фаъолияти ҳавзаҳои истихроҷи газ мебошад. Қатъи интиқоли гази Туркманистон аз бисёр ҷиҳат ба манфиати «Газпром» аст. Зеро талабот ба гази табиӣ чи дар Русия, чи дар Украина ва чи дар мамлакатҳои Аврупо хеле кам гардидааст.                      Бо вуҷуди ин, «Газпром» аз интиқоли гази табиии Туркманистон ба куллӣ даст кашида наметавонад. Ба ақидаи коршиносон, ширкати Русия интизор аст, ки нархи гази ин мамлакат кай арзон карда мешавад.                      Зеро ҷониби Туркманистон масъалаи фурӯши газро дар ҷараёни конфронсе, ки рӯзҳои 23 — 24 апрел дар Ашқобод баргузор мегардад, ба миён гузошта метавонад. Инчунин, бахшида ба сохтмони газопроводи «Набуко» 7 май дар Прага конфронси махсус гузаронида мешавад.                      Бинобар ин Русия айни ҳол аз муташанниҷ гардидани муноқиша бо Туркманистон дар масъалаи интиқоли гази табиии он сарфи назар хоҳад кард. Чи тавр ҳал гардидани ин масъаларо оянда нишон хоҳад дод.                                                                  (Тарҷумаи АМИТ «Ховар»)                                                                     Тарҷумон — Қудратов А. 

Апрель 15, 2009 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд