МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ ВА ОЗМУНИ ҲУНАРИИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК

Апрель 10, 2009 16:52

                 Анқара, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). — Аз 17 то 19 апрел мусобиқаҳои навбатии варзишӣ ва озмуни ҳунарии донишҷӯёни тоҷик баргузор мегардад, ки дар мактабҳои олии Туркия таҳсил мекунанд. Аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ин мусобиқаҳо ва озмуни ҳунарӣ қариб сад нафар донишҷӯёни тоҷик иштирок хоҳанд кард. Онҳо дар мактабҳои олии шаҳрҳои Анқара, Истамбул, Бурс, Ғозиёнтеппа, Қайсар, Эскишаҳр, Измир ва Болу таҳсил мекунанд.                 Дар ҷараёни мусобиқаҳои варзишӣ қувваозмоии дастаҳои футболбозон, баскетбобозон, волейболбозон, теннисбозон, гӯштингирон ва шоҳмотбозон гузаронида мешавад. Ҳар даста бояд суруду рақс ва саҳначаҳо тайёр карда, маҳорати худро дар қироати шеър нишон диҳад. Ҳамаи ин мусобиқаҳо ва озмунҳо дар литсеи Аҳмад Улуси шаҳри Анқара гузаронида мешаванд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мусобиқаҳои варзишӣ ва озмуни ҳунарии якум ва дуюми донишҷӯёни тоҷик солҳои 2006 ва 2007 дар шаҳри Истамбул гузаронида шуда буданд.

Апрель 10, 2009 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд