НАҚШАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ КВД ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» МУАЙЯН КАРДА ШУДАНД

Апрель 23, 2009 16:08

                 Душанбе, 23 апрел (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Бо мақсади тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби Корхонаи Воҳиди Давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» донишҷуён дар коллеҷи ҳавопаймоии Қирғизистон ва коллеҷи давлатии олии ҳавопаймоии Минск таҳсил доранд, гуфт директори генаралии корхонаи мазкур Анвар Мақсудов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ.                 Вай зикр кард, ки дар семоҳаи аввали соли 2009 6 нафар курси омӯзиши забони англисӣ, 7 нафар курси такмили ихтисос, 9 нафар курси мутаххасиси дараҷаи сеюм, 10-нафар гирифтани иҷозат ба кори мустақилона дар нуқтаҳои танзимгарии муҷовир аз коромӯзиро хатм карданд.                  Зикр шуд, ки вазифаҳои корхона дар давоми сол нав кардани ҳуҷҷату дастурамалҳои корӣ, таҳия ва қабули шартномаи коллективӣ, навсозӣ ва насби дастгоҳу таҷҳизоти радиолокатсионӣ, радионавигатсионӣ ва метеорологӣ дар фурудгоҳҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб, сотхмони манораи нави дидгоҳӣ дар Душанбе, аз нав баррасӣ кардани тарҳу нақшаи алоқа ва хамкорӣ бо давлатҳои ҳамсарҳад мебошад, — гуфт дар хотима А.Мақсудов.  

Апрель 23, 2009 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд