НАҚШАҲОИ КВД «ТОҶИКЭЙР»
Душанбе, 27 апреля. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойва). — Хориҷ кардани мусофирон, нарасидан осеб, ва гум нашудани бағоҷ чун масъалаи доғи рӯз боқӣ мемонад. Аз ҷумла, дар семоҳаи якум вобаста ба 49 мусофири хориҷгардида ва 60 шикоят аз мусофирон оиди боздоштан аз парвоз мавод ворид гардид, ки 57-тоаш қонеъ гардонида шуд. Вобаста ба 5 шикоят оиди гум шудани бағоч 2-тоаш аз ҳисоби айбдорон қонеъ сохта шуд ва 3-тоаш дар баррасӣ мебошад, чунин иттилло доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар КВДҲ «Тоҷик Эйр». Ҳамчунин вазифаҳои асосии КВДҲ «Тоҷик Эйр» дар нимсолаи якуми соли 2009 аз инҳо иборатанд, таъмини бехатарӣ ва мунтазамии парвозҳо,иҷрои нишондодҳои ояндабинии муқаррарнамудаи Ҳукумати ҶТ,нигохдорӣ ва харчӣ бехтар инкишоф додани интиколоти ҳавой ва корхои хавопаймоӣ зимни баланд бардоштани махсулнокӣ ва бехатарии парвозҳои иҷрошаванда, рақобатнокӣ, сифати баланди хизматрасонии мусофирон ва самаранокии иктисодӣ дар заминаӣ навсозии минбаъдаи парки ҳавопаймоҳо, идомаи корҳо оиди ба итмом расонидани иҷрои нақшаи инфиродии навсозии КВДҲ «Тоҷик Эйр», навсозии парки ҳавопаймоҳою чархболҳхо, минбаъд васеъ намудани чуғрофияи парвозҳо ва таъмини бехатарӣ ҳам дар замин ва ҳам дар ҳаво.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






