НАҚШАИ ДАЪВАТ ИҶРО ШУД

Апрель 13, 2009 11:21

               Бадахшон, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).-Дар ҳудуди ВМКБ чун дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъвати баҳории ҷавонон ба сафи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ идома дорад. Бояд иброз дошт, ки даъвати имсола ба омодагии беҳтар мегузарад. Дар ноҳияҳо духтурони тамоми ихтисосҳо мерасанд. Ва аз ҳама муҳимаш он аст, ки ҷавонон гурӯҳ-гурӯҳ шуда, худашон ба комиссариати ҳарбӣ омада, хоҳиш мекунанд, ки онҳоро ба хизмати Ватан-модар сафарбар намоянд. Даъват дар кулли ноҳияҳо ва шаҳри Хоруғ бомуваффақият идома дорад. Аллакай навоҳии нахустин аз иҷрои нақшаи даъват хабар дод. Тавре комиссари ҳарбии ноҳияи Шуғнон Кадхудо Гургаков иттилоъ дод, рӯзи 10 март дар ноҳия нақшаи даъвати баҳорӣ комилан иҷро гардид. Ба сафи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ 57 нафар ҷавонони солим шомил гаштанд. Хоҳишмандони хизмат ҳанӯз хеле зиёданд ва давъат дар ноҳия идома дорад.

Апрель 13, 2009 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд