НАМОИШНОМАИ «СӮҲОНИ ҚАЗО» ДАР ДАНҒАРА
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар»,Лутфия Эшонқулова).- 23 апрел дар саҳнаи Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара намоишномаи «Сӯҳони қазо»-и драматурги шинохта Абдуғаффори Абдуҷаббор баргузор гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, намоишномаи мазкур аз рӯи достони «Саломон ва Абсол»-и Абуалӣ Ибни Сино гирифта шудааст. Ишқ, хиёнат, тахтпарастӣ ва ҷангу сулҳ аз мавзӯҳои асосии намоишнома буд. Намоишнома писанди тамошобинон гардида, дар ҷамъбаст аҳли ҳунармандонро зери кафкӯбиҳои бардавом гусел карданд. Бояд ёдрас шуд, ки таҳияи якуми асар соли 1995 дар театри шаҳри Конибодом сурат гирифта, он маротибаи дуюм дар шаҳри Душанбе соли 1999 ба саҳна гузошта шуда буд.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






