НАЗОРАТИ САНИТАРӢ САЛОМАТИИ ИНСОН
Кӯлоб, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Вазъи эпидемиологии шаҳру ноҳияҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ором мебошад, гуфт дар нишасти матбуотӣ сардухтури Маркази Назорати Давлатии Санитарию эпидемиологии гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб Саид Давлатов. Дар 3 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 6 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2008, 50 % бемории оташак, 8,1 % зардчаи намуди А-1, зуком 62,2 %, бемории илтиҳоби шуш 180,1% ва бемории сил 16 ҳодиса камтар ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ то имрӯз 85 ҳодисаи осеббинии одамон аз ҳайвонҳои хонагӣ ва сагҳои дайду ба қайд гирифта шудааст. Бояд тазаккур дод, ки ҳодисаҳои мазкур бештар дар ноҳияҳои Мӯъминобод, Ҳамадонӣ, Фархор ва Шӯрообод мушоҳида гардид. Ин нишони он аст, ки ноҳияҳои номбурда баҳри пешгирии ин бемориҳо чораҳо наандешидаанд. Дар тӯли 3 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи марказ ба 246 нафар қонунвайронкунандагони меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ ҷаримабандӣ карда шуда аст, ки аксари онҳо кормандони соҳаҳои савдо, маориф ва хоҷагии комуналӣ мебошанд. Дар марказ ҳамчунин 6 лаборатория ва 1 паразитология фаъолият менамояд, ки 1 478 намуна ташхис гузаронида касалиҳои сироятиро муайян намудааст, иброз дошт Саид Давлатов. Таҳрири Жасмин Назарова








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






