НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ВКД

Апрель 22, 2009 14:31

                Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 21 апрел дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар давоми се моҳи аввали соли 2009 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он вазири корҳои дохилии мамлакат Абдураҳим Қаҳҳоров иштирок намуд. Вай аз ҷумла, гуфт, ки дар ин муддат дар миқёси мамлакат 3333 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 фоиз зиёд мебошад. Дар давоми се моҳи гузашта 720 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шуд. Дар ин давра нисбат ба соли гузашта 3,9 фоиз бештар ҷиноятҳо кушода ва фош карда шуданд.    Қайд карда шуд, ки дар ин муддат бисёр ҷиноятҳои вобаста ба куштор, талаю тороҷ, таҷовуз ба номус ва ғайра фош карда, ҷинояткорон ҷазои сазовор гирифтанд. Ба туфайли тақвияти тадбирҳои таъҷилии ҷустуҷӯӣ ва пешгирикунанда шумораи воқеаҳои куштор 54,5 фоиз, таҷовуз ба номус қариб 43 фоиз, ҳуҷумҳои ғоратгарона 59,4 фоиз кам шуданд. Кормандони вазорат дар давоми се моҳ 184 ҷинояти вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадорро ба қайд гирифтанд. Дар ин муддат 504 килограмму 760 грамм маводи нашъадор, аз ҷумла, 139 килограмму 358 грамм героин, 60 килограмму 916 грамм афюни хом, 304 килограмму 486 грамм канабис, 493 мил аслиҳаи оташфишон, аз ҷумла, 79 автомат, 47 туфангча, 80 милтиқ, 219 милтиқи кӯтоҳмил ва миқдори зиёди тир мусодира карда шуд. Миқдори умумии аслиҳаи мусодирашуда баъди соли 1994 — ум 31262 ададро ташкил медиҳад.                Муфаттишони вазорат айни ҳол 2502 парвандаи ҷиноиро тафтиш мекунанд. Аз ҷумла, то имрӯз тафтиши 1171 парвандаи ҷиноӣ ба охир расонда, барои муҳокима ба судҳо фиристода шудааст.                А.Қаҳҳоров афзуд, ки аз аввали сол то имрӯз 211 ҳазору 400 воқеаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, 3211 воқеаи мастомаст рондани мошин, 1903 мошини сиёҳшиша, 684 мошин бе рақами давлатӣ, 2425 ҳодисаи иҷро накардани талаботи кормандони БДА аз ҷониби ронандагон ва 10750 воқеаи бе шаҳодатномаи ронандагӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шуд.               Аз аввали сол дар натиҷаи фалокатҳои нақлиёт 91 кас ҳалок ва 397 кас маҷрӯҳ шуд. Кормандони милиса дар давоми се моҳи гузашта 10 ҷиноят содир намуданд, аз ин ҷумла 10 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.               Кормандони ВКД дар давоми се моҳи гузашта ду гурӯҳи муташаккили ҷиноиро фош карданд, ки дар қаламрави мамлакат 14 ҷинояти вазнин содир кардааст. Ғайр аз ин 8 нафар сокини ноҳияи Исфара дастгир карда шуд, ки аъзои Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон мебошад.   Илова бар ин чор нафар узви созмони байналхалқии динии «Таблиғ ҷамоат» дастгир карда шуд, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон аз соли 2006 манъ карда шудааст. Кормандони ВКД Тоҷикистон ҳамроҳи кормандони ВКД Русия якчанд амалиёти муштарак гузаронида, дар натиҷаи онҳо 27 килограмм маводи нашъадорро ошкор ва мусодира карданд.                                                                           Тарҷумон — Қудратов А.  

Апрель 22, 2009 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст