ОҒОЗИ МАШҚИ ҲАРБИИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ

Апрель 6, 2009 14:21

               Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар пойгоҳи низомии «Фахробод» даври аввали машқи ҳарбии зиддитеррористии «Норак — антитеррор — 2009» шурӯъ шуд. Машқи мазкур дар доираи нақшаи ягона ва мувофиқи қарори Шӯрои минтақавии сохтори зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай то 19 апрел давом мекунад.                Дар он ҷузъу томҳои низомии таъиноти махсуси Қувваҳои мусаллаҳи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат меварзанд. Дар ҷараёни машқ аз ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ҷангӣ, техникаи зиреҳпӯш, навъҳои гуногуни аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ истифода бурда мешавад. Ҳадафи асосии машқ таъмини ҳамоҳангӣ ва идораи амалиёти муштараки ҷузъу томҳои низомии мамлакатҳои аъзои созмон зимни ташкили амалиёти зиддитеррористӣ, такмили маҳорати низомиён, иваз кардани таҷриба ва омӯзиши роҳу усулҳои нави мубориза ба муқобили терроризм мебошад.               Ҷараёни машқро роҳбарону намояндагони сохторҳои низомии мамлакатҳои хориҷӣ назорат мекунанд.

Апрель 6, 2009 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд