ОҚИЛ ОҚИЛОВ БА РОҲБАРОНИ КОРХОНАҲОИ СУҒД СУПОРИШҲОИ МУШАХХАС ДОД

Апрель 6, 2009 13:53

               Душанбе. 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Тавре иттилоъ дода будем, Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов аз 4 то 6 апрел барои боздиди корӣ ба вилояти Суғд рафта буд. Ӯ зимни сафар бо фаъолияти баъзе корхонаҳои вилоят, аз ҷумла ҶММ «Шоҳон»- и ноҳияи Конибодом ва ҶСШК «Чароғ»-и шаҳри Исфара шинос шуд. Инчунин, дар ҷараёни ин сафар Сарвазири ҷумҳурӣ дар шаҳри Худҷанд рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ, сохтмони кӯпрук дар болои дарёи Сир, биноҳои истиқоматии 36 ҳуҷрадор, Маркази табобати бемориҳои дил ва Корхонаи истеҳсоли гипсакартони «Нуртекс»-ро аз назар гузаронд.                Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов имрӯз, дар фарҷоми сафар бо раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва идораҳои обтаъминкунии вилояти Суғд машварат гузаронида, натиҷаҳои сафарашро таҳлил намуд ва ба масъулин ҷиҳати тезонидани суръати корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунии вилоят супоришҳои мушаххас дод.

Апрель 6, 2009 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд