ОЛИМОНИ ҶАВОН БО ДИПЛОМИ АИ ҶТ САРФАРОЗ ГАРДОНИДА ШУДАНД

Апрель 13, 2009 15:37

                   Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Чонмард).- Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси умумии солона баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, аъзои Академияи илмҳои ҶТ, директорон ва муовинони муассисаҳои илмии Академия, котибони илмӣ ва намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.                  Дар маҷлис муҳимтарин дастовардҳои муассисаҳои илмии АИ ҶТ, фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии муассисаҳои Академия дар соли 2008 ва вазифаҳои соли 2009 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.                   Дар Маҷлис ба чор нафар олими ҷавони АИ барои дастовардҳои назарраси илмӣ дар соли 2008 дипломҳо ва мукофотҳо супорида шуданд.  Аз ҷумла, ба Абдурасулова Наргис — аспиранти соли сеюми Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С. У. Умаров барои силсилаи мақолаҳо дар мавзӯи «Таҳқиқи хосиятҳои оптикии аэрозоли чанг дар ҳаво, ки ҳангоми «Тундбоди афғонӣ» ба амал меояд ва таъсири он ба тағирёбии иқлими минтақа ва ҳосилнокии зироатҳо», Элчибекова Нигина Асадбековна- ходими илмии Пажӯҳишгоҳи биологии Помир ба номи Х.Ю.Юсуфбеков барои силсилаи мақолаҳо дар мавзӯи «Растаниҳои худрӯи мевадиҳандаи ВМКБ», Раҳимов Дилшод Камолович — номзади илми филология, мудири шӯъбаи фолклори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ барои китобҳои «Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик» ва «Чинори пургул» ва Ниёзов Ёрмаҳмад Бобоевич — корманди хурди илмии Пажӯҳишгоҳи фалсафаи ба номи А.М.Баҳоваддинов барои китоби «Назари муҳаққиқони муосири араб ба фалсафаи Ибни Сино» дипломҳо тақдим карда шуданд.Дар Академияи илмҳо ҳар сол мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳафтаи сеюми моҳи апрел рӯзи касбии олимон бо номи «Рӯзи илм» таҷлил карда мешавад. Раёсати АИ ҶТ дар ин сол барои сазовор ҷашн гирифтани «Рӯзи илм»нақшаи чорабиниро тасдиқ намуд. Аз ҷумла дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳо бо иштироки намояндагони муассисаҳои илми ҷумҳурӣ 14 апрели соли 2009 Конфронси илмии «Мақоми Фариддудини Аттор дар таърихи афкори фалсафаи тоҷик» ва 17 апрели соли равон Маҷлиси ботантана бахшида ба Рӯзи илм доир карда мешавад.

Апрель 13, 2009 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд