ПЕШНИҲОДҲОИ ВАЗОРАТИ МОЛИЯ АЗ ҶОНИБИ ПАРЛУМОН ДАСТГИРӢ ЁФТ

Апрель 30, 2009 17:36

                Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи имрӯзаи иқтисодиёти ҷумҳуриро ҳаматарафа ва кушоду равшан баён намуда, оид ба паст намудани шиддатнокии бӯҳрони молиявӣ вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти мақомоти давлатиро муайян намуд.               Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуданд, ки ҷиҳати амалӣ намудани самтҳои мушаххаси Паёми Сарвари Давлат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Вазорати молия лоиҳаи як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро таҳия намуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниход намуд ва онҳо аз тарафи Ҳукумат маъқул дониста шуда, қабул гардиданд.               Аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009»-ро таҳия намуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниход намуд, ки имрӯз он дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз чониби вакилони Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қабул гардид.             Ҳамчунин бо мақсади дастгирӣ намудани рушди соҳибкорӣ, истеҳсолкунандагони ватанӣ ва соҳаҳои реалии иқтисодиёт меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда аз 20 то 18 фоиз, андоз аз фоидаи корхонаҳо аз 25 то 15 фоиз ва ҳадди ниҳоии даромади умумии андозсупорандагоне, ки тибқи низоми соддакардашуда фаъолият менамоянд, аз 600 ба 800 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шуд.            Дар қисми хароҷоти буҷети давлатӣ азнавтақсимкунии ҳамаи захираҳои молиявии мавҷуда, пеш аз ҳама бо мақсади паст намудани шиддатнокии таъсири бӯҳрони молиявӣ дар ҷумҳурӣ ва таъмин намудани мӯътадилии иқтисодиёт равона гардидааст.             Бояд қайд кард, ки маблағгузории сохтмонҳои асосии оғознашуда ва дигар иншооти зарурияти аввалиндараҷанадошта, хароҷоти вазорату идораҳо ва буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби моддаҳои хароҷотии хоҷагидорӣ, таъмир, хариди таҷҳизоту нақлиёт, сафарҳои хизматӣ ва дигар хароҷотҳои дуюминдараҷа кам карда шуданд. Вале дар баробари ин, маблағгузории моддаҳои ҳимояшаванда — музди меҳнат, нафақа, стипендия, кӯмакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, пардохти хизматрасонии коммуналӣ ва қувваи барқу газ ва дигар пардохтҳои иҷтимоии аввалиндараҷа пурра таъмин карда мешаванд.              Маблағгузории хароҷотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди аввал буда, дар доираи буҷети тасдиқшуда амалӣ мегарданд.Хароҷоти барномаҳои азнавсозӣ ва модернизатсияи иншооти энергетикӣ, дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва бехатарии озуқаворӣ, инфрасохторҳои коммуналӣ, ирригатсионӣ ва бо об таъминкунии аҳолӣ низ аз рӯи иҷроиши воқеии буҷет таъмин карда мешаванд.             Мавриди зикр аст, ки тағйиротҳои воридгардида ба қисми даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт, пеш аз ҳама барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири буҳрони молиявию иқтисодии чаҳонӣ ва дар сатҳи мӯътадил нигох доштани рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, равона мегардад.

Апрель 30, 2009 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид