ПОЙМОЛ ШУДАНИ ҲУҚУҚҲОИ МУШТАРИЁН
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маълумоти бонкҳои кишвар бар меояд, ки дар давоми семоҳаи охири соли 2008 ва семоҳаи соли 2009 интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ тавассути бонкҳои кишвар кам гардид, ки он сабаб кам шудани даромади бонкҳо гардидааст ва баҳонае барои напардохтани маблағҳои пасандоз гардидааст. Дар нишасти матбуотии соли гузашта раиси «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи пардохти маблағҳои «беҳаракат» (замороженый), ки солҳои 1990-91-97 ба «Амонатбонк» гузошта шудаанд аз соли 2009 оғоз меёбад, гуфта буд, аммо дар нишасти матбуотии соли ҷорӣ иброз намуд, ки дар ин бора қарори Ҳукумат вуҷуд надорад. Дар сурате, ки ҳангоми пасандозгузорӣ шартнома миёни муштарӣ ва бонк баста мешавад ва бонк кафолатдиҳандаи пасандозҳо мебошад, қарори Ҳукумат чӣ зарурат дорад? Ин ҷуз поймол шудани ҳуқуқи муштарӣ аз тарафи бонк чизи дигаре беш нест. Сармояи «Амонатбонк» то 31-уми марти соли 2009 109 млн. ва активҳои бонк 407 млн. сомониро ташкил дод.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






