ПРОКУРОРҲОИ НОҲИЯҲОИ ПОЙТАХТ АЗ ВАЗИФА САБУКДӮШ ГАРДИДАНД
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Мувофиқи фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов прокурорҳои ноҳияи Шоҳмансур Насимов, ноҳияи Фирдавсӣ Р.Юлдошев ва ноҳияи Сино Ш.Қурбонов аз вазифа сабукдӯш гардиданд. Ш.Қурбонов прокурори ноҳияи Шоҳмансур ва С.Маҳсиддинов прокурори ноҳияи Фирдавсӣ таъин гардиданд. С.Маҳсиддинов қабл аз ин муовини прокурори шаҳри Душанбе буд. А.Эшонқулов прокурори ноҳияи Сино таъин шуд, вай то имрӯз дар вазифаи муовини прокурори нақлиёти ҷумҳурӣ кор мекард. Саидмурод Қодиров прокурори шаҳри Душанбе таъин гардид, вай қабл аз ин муовини прокурори вилояти Хатлон буд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






