ПСС ҶТ ҲАМКОРИРО БО ХОРИҶИ КИШВАР ГУСТАРИШ МЕДИҲАД

Апрель 13, 2009 15:49

                Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Даромади Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) аз ҳисоби хизматрасонӣ дар 3 моҳи соли ҷорӣ 754 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз нақша 76,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси ПСС ҶТ Шариф Саид ба хабарнигорон иттилоъ дод.                 Ӯ афзуд, ки то 1-уми апрели соли равон ПСС бо 182 палатаҳои ИДМ ва дигар давлатҳои хориҷӣ созишнома баста, фаъолияти намояндагии палатаро дар 44 кишвар ба роҳ монд.                 Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии ПСС дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи нишонаҳои мол (штрих код) «GS1-Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки имрӯз маҳсулоти Тоҷикистон бо нишони махсуси худ ба бозори ҷаҳонӣ бароварда мешавад. Ассотсиатсияи мазкур ба аъзогии Ташкилоти байналмилалии GS1 қабул гардидааст.                 Инчунин, дар назди Палата Маркази дастгирии ҳуқуқӣ оид ба рушди институти судҳои ҳакамии тиҷоратӣ фаъолият мекунад, ки дар ҳалли масъалаҳои шартномавии аъзоёни палата ва ширкатҳои тиҷоратӣ мусоидат мекунад.  

Апрель 13, 2009 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд