Р. АБДУЛАТИФОВ: «МАҚОМОТИ РАСМИИ МАСКАВ БО МАРДИКОРОНИ ТОҶИК МУНОСИБАТИ ХУБ ДОРАНД
(Мусоҳибаи мухбири «Утро. Ру» бо раиси Шӯрои анҷумани халқҳои Русия, сафири собиқи Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Р.Абдулатифов). Савол: — Коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ аз кор озод карда мешаванд, онҳо дар натиҷа аз имконияти ёфтани кор дар шаҳрҳои Русия маҳрум мегарданд. Дар Русия вобаста ба авҷ гирифтани ҷинояткорӣ дар байни мардикорони хориҷӣ изҳори ташвиш карда мешавад. Ба ақидаи Шумо, ин проблема то кадом андоза ҷиддӣ мебошад? Р.Абдулатифов: — Ин ҷо дар бобати коргарони муҳоҷире, ки бо роҳҳои қонунӣ кор мекунанд, ягон проблема вуҷуд надорад. Масъалаи коргарони муҳоҷири ғайриқонуниро ягон мамлакат ҳал карда наметавонад. Вале ин масъаларо бо роҳҳои гуногун ҳал кардан мумкин аст. Агар мардикорон дар корхона кор карда, дар натиҷаи бӯҳрони молиявӣ аз кор озод карда шаванд, маъмурияти корхона бояд маблағи бозгашти онҳоро пардозад. Ё барои дастгирии коргарон миқдори соатҳои рӯзи кориро кам кардан мумкин аст. Бояд гуфт, ки дар Русия дар масъалаи мардикорон бисёр вақт ба ифрот ва муболиға роҳ дода мешавад. Масалан, даъво карда мешавад, ки бештар аз нисфи ҷиноятро коргарони муҳоҷири хориҷӣ содир менамоянд. Ин рақамро дар аксари мавридҳо шахсони мансабдор мисол меоранд. Вале зимни муайян кардани манбаи он ягон маълумоти аниқ гирифтан душвор аст. Аз рӯи маълумоти расмӣ, коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар қаламрави Русия ҳамагӣ 3,8 фоизи ҷиноятро содир мекунанд. Мо набояд бо ин роҳ сокинони Русияро ба муқобили коргарони муҳоҷир иғво андозем ё баръакс, набояд сабаби афзун гардидани нафрати коргарони муҳоҷир ба Русия гардем. Мо бояд бо мардикорон муносибати хуб дошта, онҳоро бо суханони хуб гусел кунем ва даъват намоем, ки баробари анҷом ёфтани бӯҳрон баргарданд. Зеро интихоб кардани коргарони нав сабаби ба миён омадани проблемаҳои нав мегардад. Дар ин бобат мисолҳои зиёд овардан мумкин аст. Аз ҷумла, муовини губернатори вилояти Перм ба Тоҷикистон омада сад оиларо барои кор дар хоҷагиҳои кишоварзӣ бо худ бурд. Дар он ҷо ба ҳамаи коргарони тоҷик кору манзил доданд. Ин чунин маъно дорад, ки ҳамаи масъалаҳоро ба манфиати ҳамдигар ҳал кардан мумкин аст. Роҳбари вилояти Свердловск Россел коргарони муҳоҷири тоҷикро ба яке аз корхонаҳои қафомонда фиристод. Имрӯз ин корхона дар вилояти Свердловск яке аз корхонаҳои беҳтарин гардидааст. Ман гуфтан мехоҳам, ки бо тоҷикон дар ҳама гуна шароит забон ёфтану кор кардан мумкин аст. Солҳои таҳсили ман дар мактаб шумораи мардикорон хеле кам буд, вале ҳамон вақт мегуфтанд, ки ҳар коргари муҳоҷир се — чор нафар аҳолии маҳаллиро мехӯронаду мепӯшонад. Агар мардикорони тоҷик дар Русия ҳар сол як миллиард доллар музди кор гиранд, Русия аз онҳо зиёда аз 4 миллиард доллар фоида мегирад. Ҳаминро фаҳмидан лозим аст, ки эҳтиёҷи мо дар ояндаи наздик ба коргарони муҳоҷир кам нахоҳад шуд. Бинобар ин дар мамлакат синфи коргарони муҳоҷирро ташкил дода, онҳоро ба ҳисоб гирифта, мардикоронро ба шароити мавҷуда мутобиқ сохтан зарур аст. Мо хеле барвақт мебоист дар қаламрави мамлакатҳои собиқи шӯравӣ фазои ягонаи бо кор таъмин кардани одамонро муҳайё месохтем. Одамоне, ки аз мамлакатҳои дигари ИДМ меоянд, бояд худро бегона нашуморида, тавонанд, ки ба назди ҳамдигар рафта, мувофиқи талаботи минтақа ва дар асоси озмунҳо соҳиби кор шаванд. Дар Тоҷикистон аз Доғистон қариб сад нафар мутахассис дар сохтмони яке аз нерӯгоҳҳои барқӣ кор мекард. Онҳо дар он ҷо коргарони беҳтарин буданд. Бинобар ин онҳоро барои сохтани иншоотҳои нав ба Тоҷикистон даъват карданд. Савол: — Дар бораи шумораи мардикорон аз Тоҷикистон чӣ гуфта метавонед ? Р.Абдулатифов: — Мувофиқи маълумоти расмӣ, аз Тоҷикистон ҳар сол қариб як миллион нафар барои кор ба Русия меояд. Коргарони тоҷикро ба мамлакатҳои дигар ҳам даъват мекунанд. Зеро тоҷикон забони русиро каму беш медонанд, мафкураи онҳо ба мафкураи русҳо наздик аст. Агар дар Русия 500 ҳазор мардикори тоҷик кор кунад, ҳар кадоми онҳо дар ватанашон қариб 10 нафар хӯранда дорад. Гуфтан мумкин аст, ки тоҷикон барои мо «одамони худӣ» мебошанд, мо набояд онҳоро аз даст диҳем. Савол: — Лутфан бигӯед, ки мақомоти расмии минтақаҳои Русия бо мардикорони тоҷик чӣ гуна муносибат мекунанд ? А.Абдулатифов: — Аз рӯи мушоҳидаҳои ман, мақомоти расмии Маскав бо мардикорони тоҷик муносибати беҳтар доранд. Муносибати мақомоти маҳаллӣ бо тоҷикон дар вилоятҳои Свердловск ва Пенза низ хуб аст. Ман ба баъзе сохтмонҳои Маскав рафта будам, ки дар он ҷо тоҷикон кор мекарданд. Маоши моҳонаи онҳо вобаста ба ихтисосашон қариб 1000 доллар мебошад. Бояд гуфт, ки мардикорони тоҷик дар давоми солҳои охир касбҳои гуногунро ба хубӣ омӯхтаанд. Имрӯз шумораи хеле ками онҳо кӯча мерӯбанду замин мекобанд. Мутаассифона, дар баъзе минтақаҳои Русия бо мардикорони тоҷик муносибати хуб карда намешавад. Мо одат кардаем, ки тамоми гуноҳҳои бади худро ба гардани дигарон бор кунем. Мо худро гунаҳкор намешуморем, ки майзадаем, кор кардан намехоҳем ва мутахассисони беҳунар тайёр мекунем. Мо барои ин дар аксари мавридҳо амрикоиҳо, ғарб ва ниҳоят мардикоронро гунаҳкор мекунем. Дар бисёр минтақаҳои Русия зуҳуроти тарсу ҳарос ва нафрат нисбати мардикорон ҳукмфармост. Савол: — Оё чунин зуҳуротро бартараф кардан мумкин аст? Р.Абдулатифов: — Барои ин бояд барои мардикорон шароити мусоиди кор муҳайё карда шавад, мо бояд бештар коргарони беҳтаринро аз ҷумлаи мардикорон нишон диҳем. Масалан, қариб 30 фоизи духтурони шифохонаҳои вилояти Уляновск дастпарварони Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Душанбе мебошанд. Чаро онҳоро касе нишон намедиҳад, ҳол он ки духтурони тоҷик амалиёти мураккабтарини ҷарроҳиро бомуваффақият мегузаронанд. Дар Русия намояндагони Тоҷикистон ба пажӯҳишгоҳҳои илмӣ роҳбарӣ мекунанд. Чаро онҳо нишон дода намешаванд, барои чӣ мо ҳама вақт тоҷикеро нишон медиҳем, ки қоматашро хам карда, ҳақирона замин мекобад ва ба забони русӣ ду калима гап зада наметавонад. Ҳол он ки дар мамлакати мо аз Тоҷикистон даҳҳо ва садҳо нафар номзадҳо ва докторҳои илм кор мекунанд. Таҳқир кардани симои тоҷикон дар барномаи масхараомези «Наша раша» бар зарари худи мебошад. Солҳои фаъолияти ман дар Тоҷикистон дар вазифаи сафири Русия дар масъалаи коргарони муҳоҷир корҳои зиёде ба сомон расонда шуданд. Бо ин мақсад комиссияи махсуси муштараки Тоҷикистону Русия ташкил карда шуд, вале ҳалли масъалаи мардикорон даҳсолаҳо боз давом дорад. Дар мамлакати мо то ҳол низоми мӯътадили ба кор даъват намудани мардикорон ва муҳайё сохтани шароити кор ба онҳо мавҷуд нест. Масалан, Ҳукумати Маскав барномаи даъвати коргаронро аз Тоҷикистон тартиб додааст. Зеро Юрий Лужков чунин мешуморад, ки мардикорони тоҷик коргарони варзида ва поквиҷдон мебошанд. Дар Маскав коргаронро бо хобгоҳ таъмин карда, барои онҳо курсҳои ҳунаромӯзӣ кушодаанд. Иҷрои ин барнома дар шароити бӯҳрони молиявӣ тамоман масъалаи дигар аст. Ба ақидаи ман, мардикори тоҷик бояд ба қатораи роҳи оҳани «Душанбе — Маскав» нишаста, дар даст шартномаи таъмини ҷои корро дошта бошад. Вай бояд донад, ки ба куҷо меравад ва чанд рубл музди кор мегирад. Чунин тартибот ҳоло дар мамлакати мо вуҷуд надорад. Савол: — Бигӯед, ки Русия имрӯз пеш аз ҳама барои муқаррар намудани муносибатҳои самарабахши иттифоқчигӣ бо мамлакатҳои дигари ИДМ бояд кадом тадбирҳоро амалӣ созад? Р.Абдулатифов: — Баъди барҳам хӯрдани ИҶШС Русия имкон надошт, ки роҳи аниқи ҳамгироиро бо мамлакатҳои дигар пеш гирад, зеро барҳам хӯрдани муносибатҳои пештара дар тамоми мамлакатҳо баробар мушоҳида мешуд. Ба мо барои дарки проблема вақти муайян лозим буд. Баъди ба сари ҳокимият омадани Владимир Путин мо тавонистем, ки самтҳои афзалиятноки муносибатҳоямонро бо мамлакатҳои хамсоя аниқ муайян намоем. Вале мутаассифона, дар мамлакати мо барномаи аниқи стратегие вуҷуд надорад, ки муносибатҳои мазкурро амалӣ созад. Ба мо муяссар шуд, ки дар Тоҷикистон дар ин масъала баъзе корҳоро анҷом диҳем. Дар ин мамлакат НБО «Сангтӯда — 1» сохта шуд, ки баъди барҳам хӯрдани ИҶШС иншооти калонтарин ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия фаъолият дорад, дар ин ҷо мактабҳои русӣ кор мекунанд. Президенти Тоҷикистон ба Маскав пешниҳод намуд, ки дар Душанбе Маркази фарҳангии Русия кушода шавад. Бояд гуфт, ки барои кушодани марказ маблағи калон лозим нест. Вале вазорату идораҳои федералӣ ҳалли ин масъаларо 12 сол боз кашол медиҳанд. Дар Тоҷикистон дар мактабҳои русӣ ба як ҷой 40 — 45 нафар хоҳишманд мебошад. Вале мо даъво мекунем, ки дар Тоҷикистон доираи истифодаи забони русӣ маҳдуд карда мешавад. Ин гуноҳи тоҷикон набуда, балки пеш аз ҳама гуноҳи худи мост. Мо метавонем, дар Тоҷикистон мактабҳои русии пулакӣ кушода, бо ин роҳ маблағи калон ба даст орем. Зеро одамон тайёранд, ки барои гирифтани дониши хуб маблағ сарф кунанд. Президенти Тоҷикистон боре изҳор карда буд, ки дар мамлакат 2 ҳазор муаллими забони русӣ намерасад. Ман аз 35 волии вилоятҳои Русия хоҳиш кардам, ки муаллимони забони русиро ба мӯҳлати 2 сол ба Тоҷикистон фиристода, музди кори онҳоро дар Русия дар кассаҳои амонатгузорӣ нигоҳ доранд. Дар Тоҷикистон онҳоро бо манзил, озуқа ва шароити дигари зиндагӣ таъмин менамоянд. Вале танҳо се роҳбари вилоят — Шаймиев, Фёдоров ва Волков ба ин даъвати ман ҷавоб доданду халос.Мо бояд андеша кунем, ки сиёсат ва зиндагии инсон муносибатҳои оқилонаро тақозо менамоянд. Сиёсати байналхалқӣ чунин муносибатро аз давлат талаб мекунад. Вале мо аз имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо мамлакатҳои ИДМ истифода бурда наметавонем. Мутаассифона, Русия давлатест, ки дар он сохтори шаҳрвандӣ умуман вуҷуд надорад. Шаҳрвандро дар мамлакати мо вақти мутолиаи китобҳо дар бораи қатли Чернишевский дар байни издиҳоми одамон ва муроҷиат ба сардори ҳабсхона, яъне «гражданин началник» ба хотир меоранд. Давлати мо ҳамеша муқтадир буд, вале мавқеу имкониятҳои шаҳрвандони он суст ва маҳдуд карда шуда буданд. Мо солҳои ҳокимияти шӯравӣ мардумро ба муҳофизати ватан ба по хезонда, биёбонро шодоб гардондем, роҳи оҳани Байкалу Амурро бунёд кардем. Вале баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамаи ин сарват аз даст рафт ва мо аз миқдори хеле зиёди қувваи корӣ ва нерӯи инсонӣ маҳрум гардидем. Дар мамлакати мо то ҳол аниқ карданӣ мешаванд, ки сермиллатии Русия ба манфиати он аст ё бар зарари он. Агар шаҳрвандони мамлакат оқилона истифода бурда шаванд бисёр корҳоро иҷро кардан осон мегардад. Б.Елсин пояҳои қонунии давлатро бунёд кард, вале вай корҳои давлатиро ба тартиб оварда натавонист, В.Путин сохтори ҳокимият ва корҳои давлатиро ба низом даровард. Вазифаи Медвеев ба тартиб овардани корҳо дар ҷомеаи Русия, ҷамъ овардану муттаҳид сохтани он, ташкили сохторҳои шаҳрвандӣ ва аниқ кардани мафҳуми шаҳрванд мебошад. Иҷрои ин вазифа хеле душвор аст. Агар мо ба Қонуни асосии дорои сохтори федералӣ бар нагардем ва принсипҳои федералиро оқилона амалӣ насозем, дар ин маврид ба бӯҳрони сохтори давлатӣ рӯ ба рӯ гардида метавонем. Вақти он расидааст, ки халқҳо ва минтақаҳои Русия ҷамъ оварда ва муттаҳид гардонда шаванд. Ин танҳо дар мавриди муттаҳид сохтани кӯшишҳо, омӯхтани таҷрибаи мусбати гузаштагон, муносибати эҳтиёткорона ба ҳар шаҳрванд, халқ ва ваҳдату ҳамдилии давлати Русия имконпазир мебошад. Мо барои ин тамоми имкониятҳои заруриро дорем. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд






