РОҲҲОИ РАШТ ТАЪМИР МЕШАВАНД
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Моҳи апрели соли 2008 барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияҳои Нуробод ва Рашт байни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ ва ширкатҳои ватанӣ "Роҳсоз-7" ва "Сомон-7" шартнома ба имзо расид. Бояд қайд намуд, ки то моҳи апрели соли ҷорӣ аз 60 км роҳ танҳо 30 км таъмир шудааст. Маблағи умумии корҳои иҷрошуда 1,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Иҷроиши кор то моҳи апрели соли ҷорӣ 633,5 ҳазор доллари ИМА мебошад. Айни замон аз 29 км роҳи дар лоиҳа пешбинишудаи Нуробод — Рашт танҳо таъмири 17 км он ба анҷом расид. Ҳамчунин, тибқи лоиҳаи мазкур ба маблағи 483,3 ҳазор доллари амрикоӣ сохтмони роҳи ноҳияи Рашт ба нақша гирифта шудааст, ки аз он то моҳи апрели соли ҷорӣ ба миқдори 188,77 ҳазор доллари ИМА корҳо ба анҷом расонида шудааст, ки 55 %-ро ташкил медиҳад.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






