СААД АЗ ВАЗЪИЯТИ АФҒОНИСТОН ИЗҲОРИ ТАШВИШ МЕНАМОЯД
Маскав, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Коршиносони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар маҷлиси ҳафтуми гурӯҳи кории назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои созмон дар шаҳри Маскав вазъияти имрӯзаи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр карда шуд, ки вазъи сиёсию амниятии ин мамлакат то ҳол ниҳоят муташанниҷ мебошад. Дар ин ҷо хавфи паҳн гардидани терроризми байналхалқӣ аз байн нарафтааст, ҳаҷми интиқол ва қочоқи маводи нашъадор торафт меафзояд, ҷинояткории муташаккилонаи минтақавӣ торафт авҷ мегирад. Дар чунин шароит ҳалли масъалаҳои мувофиқ сохтани тадбирҳои давлатҳои аъзои созмон барои расондани кӯмак ба Афғонистон аҳамияти муҳим пайдо мекунад. Дар маҷлис лоиҳаи нақшаи тадбирҳои муштараки давлатҳои аъзои созмон дар бобати мусоидат ба мӯътадил гардондани вазъияти Афғонистон баррасӣ карда шуд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






