САДАМАИ ВАЗНИНИ НАҚЛИЁТӢ ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ — КӮЛОБ
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дирӯз дар километри 31 — уми роҳи мошингарди Душанбе — Кӯлоб садамаи калони нақлиёт рух дод. Ронандаи мошини сабукрави «Опел — Вектра», сокини шаҳри Душанбе Сулаймон Ғуломови 25 — сола мошинро бо суръати тез ронда, онро идора карда натавонист ва ба хати ҳаракати муқобил баромада, бо ду мошини дигар бархӯрд. Дар натиҷа мошинҳои сабукрави Муқим Нарзуллоеви 25 — сола ва Зулфиқор Тағойбекови 26 — сола зарари калон диданд. Дар натиҷаи садама мусофирони дар ин мошинҳо буда — Наврӯз Маҳмадалиев, Иззатулло Абдуллоев, Акрам Авлиёқулов, Дилшод Ғуломов, Момогул Рамазонова, Ҳамза Равшанов, Зафар Ғуломов ва Садбарг Убайдова сахт маҷрӯҳ шуда, таҷилан ба шифохонаи марказии шаҳри Ваҳдат фиристода шуданд. Ҳамза Равшанов баъди ду соати фалокат бар асари ҷароҳатҳои вазнин дар шифохона вафот кард. Аз дафтари матбуоти ВКД ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ин воқеа тафтиш карда мешавад. Тарҷумон — Қудратов А.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






