САФАРИ ҒАЙРИЧАШМДОШТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ОЛМОН БА АФҒОНИСТОН
Кобул, 30 апрел. (АМИТ «Ховар» — Евронюс). — Вазири корҳои хориҷии Олмон Франк Валтер Штайнмайер ғайричашмдошт ба Афғонистон сафар кард. Вай зимни мулоқоташ бо Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай ӯро дилпур сохт, ки маъмурияти мамлакаташ ба таври илова ба Афғонистон 600 хизматчии ҳарбиро мефиристад. Онҳо дар ҳайати қисмҳои ҳарбии эътилофии хориҷӣ барои таъмини амнияти мамлакат истифода бурда мешаванд. Вазири корҳои хориҷии Олмон ба ҷалби Покистон ба ҳалли масъалаҳои таъмини амният баҳои баланд дод. Вай зикр намуд, ки айни ҳол дар Вашингтон гуфтушуниди намояндагони Покистону ИМА давом дорад. Таъмини амнияти Афғонистон ва бехатарии гузаронидани интихоботи Президенти он ба натиҷаҳои ҳамин гуфтушунид вобаста аст. Хабар дода мешавад, ки дар рӯзи ба Кобул омадани вазири корҳои хориҷии Олмон 5 аскари олмонӣ дар натиҷаи амалиёти террористӣ сахт маҷрӯҳ гардиданд. Масъулияти амалиётро яке аз гурӯҳҳои маҳаллии ҷунбиши «Толибон» ба зиммаи худ гирифт.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






