САФИРИ НАВИ АВСТРАЛИЯ ДАР РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ МЕОРАД
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафири кабири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев 1 апрел бо сафири нави Австралия дар Федератсияи Русия Маргарет Туми мулоқот кард. А.Достиев дар ҷараёни сӯҳбат бо Маргарет Туми дар бораи фаъолияти Сафорати Тоҷикистон дар Русия, таърихи Тоҷикистон ва вазъияти имрӯзаи сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ маълумоти муфассал дод. М.Туми зикр намуд, ки вай ҳамзамон сафири мамлакаташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст ва ният дорад ояндаи наздик барои супоридани эътиборномаи сафораташ ба Сарвари давлати Тоҷикистон ба Душанбе ташриф орад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши муносибатҳои дуҷониба муҳокима шуданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






