САРДОРИ ШКД-И НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ ДАСТ БА ҶИНОЯТ ЗАД

Апрель 22, 2009 14:10

               Душанбе, 22 апрел. (АМИТ«Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 24 апрели соли 2008 нисбати сардори ШКД-и ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон майори милитсия Р.Қ. Шарипов бо моддаҳои . 319 қисми 4 ва 316 қисми 1 Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи чиноӣ оғоз гардида буд. Дар рафти тафтишоти пешаки 74 ҳолати содир намудани ҷиноят, яъне гирифтани пора, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ , суиистифодаи мансаб, қаллобӣ ва ғайра, ки дар маҷмӯъ -23090 сомонӣ ва зиёда аз 39, 800 доллари ИМА бо роҳи тамаъҷӯӣ гирифта буд, тасдиқ гардид. Инчунин дар вақти кофтуков аз хонаи ӯ 41 164 доллар ИМА, 100 Евро, 5708 сомонӣ ёфт ва мусодира шуд. Бо ин парванда сармуфаттиши ШКД-и ҳамин ноҳия Ҷурахон Файзулоев, сардори бахши мубориза бар зидди маводи нашъаовар Абдуғафор Ямоқов низ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.                Тавре аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, баъди ба охир расидани тафтишот бо қарори суд Р.Шарипов Р. ба муҳлати 19- сол, Ҷ. Файзулоев 9-сол ва А. Ямоқов 5,5-сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Апрель 22, 2009 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид