САРФАКОРӢ — МАСЪУЛИЯТИ КАЛОН
Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бобати истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ дастуру нишондодҳои мушаххас пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла, қайд мешавад: «Дар шароити иқтисоди бозорӣ ва махсусан, бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ мувофиқи захираву имкониятҳои кишвар ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ, пеш аз ҳама барқу газ ва об, аҳамияти бузург дорад». Ба ақидаи мо, тамоми сокинони кишвар ба ин таъкид бояд эътибори махсус диҳанд. Проблема, воқеан, хеле ҷиддист. Дар тамоми дунё ҳар сол ва сол то сол бештар талабот ба нерӯ меафзояд. Ин суръат ба дараҷае баланд аст, ки ба ақидаи нависанда А.Кларк мумкин аст дар ояндаи наздик «киловатт.соат» ба асъори ягонаи байналмилалӣ табдил ёбад. Айни замон, дар тамоми дунё сиёсатмадорон ва олимону мутахассисон вобаста ба масъалаи он, ки чӣ бояд кард то норасоии (дефитсити) нерӯ барҳам дода шавад ва инсоният ба он пурра таъмин гашта, ҳам истеҳсолотро пеш барад ва ҳам бофароғат кору зиндагонӣ намояд, машғулияту андеша доранд. Аз иттилои воситаҳои ахбори омма ва адабиёти тахасуссӣ бармеояд, ки асосан ду омили ҳалли масъала пешниҳод мегардад: — афзун кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ, яъне сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқӣ ва дигар манбаъҳои энергетикӣ, инчунин таҷдиди воситаҳои мавҷуда; — кам кардани истифода ё худ сарфакорона ва самаранок истифода бурдани нерӯ. Ҳам аз назари мантиқӣ ва ҳам аз назари иқтисодӣ, роҳи дуюм — сарфакорона истифода бурдани нерӯ — наздиктар, осонтар ва арзонтар аст. Ба он хотир, ки барои сохтмони иқтидорҳои нав қувва, маблағ, вақт лозим меояд. Вақт бошад, ба фоидаи мо нест, чунки иқтидорҳо дар як солу ду сол сохта намешаванд ва аз дараҷаи афзоиши талабот қафо мемонад. Биёед, кишвари худро мисол мегирем… Дар Тоҷикистон аз давраи Шӯравӣ инҷониб соле тақрибан 17 миллиард киловт.соат нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад. Аз соли 1986, аз вақте ки охирин Нерӯгоҳи нисбатан пуриқтидори кишвар — Нерӯгоҳи барқи обии Бойғозӣ ба истифодабарӣ дода шуда буд, ин рақам ҳамин қадар боқӣ мондааст. Фақат аз 20 январи соли 2008 сар карда то кунун се агрегати НБО-и «Сангтӯда-1» ба истифодабарӣ дода шуд Дарвоқеъ, баъди пурра ба истифода додани нерӯгоҳ ба системаи энергетикии кишвар ба миқдори 670 МВт нерӯи барқ зам мегардад. Ин, албатта, дар муқоиса ба талабот, ки тамоили афзоиши суръатнок дорад, ночиз аст. Дар ин давра талабот ба барқ чӣ қадар афзуд? Барои ба ин суол ҷавоб ёфтан сараввал мо бояд ҳисоб кунем, ки дар кишвари мо соле чӣ қадар нерӯи барқ истифода бурда мешавад… Тамоми иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити обу ҳавои муқаррарӣ ва мутассил кор кардан дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна то 55-60 миллион киловатт.соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд. Дар давраи тирамоҳу зимистон (давраи аз моҳи октябр то охири март дар назар аст), ҳангоме лимит ҷорӣ карда мешавад, ин рақам ба 38- 41 миллион паст фуроварда мешавад Воқеан, агар дар ин давра лимит ҷорӣ нагардад ва ҷумҳурӣ сар то сар барқ дода шавад, (чӣ тавре аз рӯзҳои ид ва дигар ҷашну санаҳое, ки дар ин давра баргузор мегардад ва барқ хомӯш карда намешавад, мушоҳида гардидааст,) дар як шабонарӯз то 65 -70 миллион киловатт.соат нерӯи барқ хароҷот кардан лозим меояд. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки агар лимит ҷорӣ карда нашавад, дар ҳафт моҳи овони хунукӣ- 212 рӯз, агар дар як рӯз ба ҳисоби миёна, 60 миллион киловтт.соат ҳам ҳисоб кунем, талаботи ҷумҳурӣ 12,7 миллиард киловатт.соатро ташкил медиҳад. Ҳол он ки тамоми иқтидорҳои энергетикии ҷумҳурӣ дар ин муддат имкон доранд ҳамагӣ то 7,5 — 8,1 миллиард киловатт.соат нерӯи барқ истеҳсол намоянд. Аз ин маълум мегардад, ки норасоии барқ дар давраи тирамоҳу зимистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4,6 миллиард киловатт.соатро ташкил медиҳад. Ин дар мисоли солест, ки зимистонаш сард омад ва хунукӣ нисбатан дарозтар тӯл кашидааст. Агар ба ҳисоби миёна гирем, норасоии барқ дар давраи тирамоҳу зимистон, вобаста ба обу ҳавои сол тақрибан, 3,5-4 миллиард миллиард киловатт.соатро ташкил медиҳад. Афзоиши талабот ба барқ дар солҳои охир боз дигар сабабҳоро низ дорад. Гап сари он ки, аз танқисии ангишт, газ, ҳезум ва дигар маводи сӯхт, ё худ васоити нерӯбахш ҳама рӯ ба барқ овардаанд. Бо назардошти ин ҳама метавон гуфт, ки дар мо таъминот аз талабот хеле қафо мемонад. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон аҳолии шаҳри Душабе нисбат ба ибтидои солҳои 90-ум 3-4 маротиба ва дар фасли зимистон нисбат ба тобистон ду баробар зиёд аз барқ истифода мебаранд. Агар дар мавсими гармӣ дар шаҳри Душанбе ҳар шабонарӯз то 3 миллиону 600 ҳазор кВт.соат нерӯи барқ истифода баранд, ин рақам дар фасли зимистон ду-дувуним баробар меафзояд… Вобаста ба гуфтаҳои боло, дар шароити кунунии энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол ҳарду омил — ҳам сохтмони иқтидорҳои энергетикӣ, ки рӯз то рӯз авҷи тоза мегирад ва ҳам сарфакоронаву босамар истифода бурдани нерӯ бояд ҳатман вуҷуд дощта бошанд. Дастуру нишондоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати мувофиқи захираву имкониятҳои кишвар ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ бо вазъи имрӯзаи на танҳо кишвари мо, балки ҷаҳони муосир, ки бо бӯҳрони молиявию иқтисодӣ рӯ ба рӯст, бояд ҳатман амалӣ ва риоя гарданд. Масалан, масъалаи бо лампаҳои каммасраф иваз намудани лампаҳои имрӯзаи тафсандаи волфрамӣ ва лампаҳои люминестсентӣ. Шахсан ман шунидам, ки баъзеҳо даст афшонда, беэътиноёна изҳор месохтанд, ки магар мумкин аст бо иваз намудани лампа вазъиятро тағйир дод. Чунин ашхоси аз олам бехабар бояд огоҳ бошанд, ки гузаштан ба лампаҳои каммасраф, ки онҳоро диодӣ ҳам мегӯянд ҳоло сатҳи оламро фаро гирифтааст ва дар давлатҳое, ки аз ин намуди лампаҳо истифода мебаранд, ҳар сол аз ин ҳисоб миллиардҳо киловатт . соат нерӯи барқ сарфа мегарданд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст: «Истифодаи лампаҳои каммасрафи замонавӣ, ки харҷи нерӯи барқро то 5 маротиба кам мекунад ва илова бар ин, мӯҳлати кори онҳо 8-10 маротиба зиёдтар аст, ба мақсад мувофиқ мебошад». Тавре дар боло қайд намудем, ин ҷо сухан аз лампаҳои диодӣ меравад, ки истифодаи онҳо дар сар то сари олам ба ҳукми воҷиб даромада, дар баъзе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Хитой, ИМА ва Австралия барномаи миллии гузаштан ба рӯшноии диодӣ таҳия ва амалӣ гардида истодаанд. Аввал якчанд сухан дар бораи интихоби номи ин лампаҳо ба забони тоҷикӣ…Ин лампаҳо асбоби аз нимноқила иборат аст, ки ҳангоми аз онҳо гузаштани қувваи ҷараён рӯшноӣ пайдо мегардад. Бояд таъкид намуд, ки ин лампаҳо баръакси лампаҳои маъмулӣ гарм нашуда, балки фақат ҳангоми гузаштани ҷараён рӯшноӣ медиҳанд. Асоси онро диод ташкил медиҳад ва аз ин рӯ, ба назари мо, ба забони тоҷикӣ лампаҳои диодӣ номгузорӣ шудани онҳо мувофиқ аст… Хамин тариқ, дар Хитой соли 2006 барномаи бузургҳаҷми дастгирии соҳибкорие, ки ба таҳия ва истеҳсоли лоиҳаҳои воситаҳои рӯшноибахши диодӣ машғуланд оғоз ёфт, ки ҳаҷми хароҷоти он 754 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар дигар мамолики мутараққи дунё, аз ҷумла ИМА, Англия, Канада ва ғайраҳо барномаи минбаъд то соли 2011 пурра бастани истеҳсоли лампаҳои тафсанда ва ба ҷои он истеҳсол намудани воситаҳои рӯшноибахши диодӣ қабул гаштааст. Дар Федератсияи Россия низ раванди ба чунин намуди рӯшноӣ гузаштан авҷ мегирад. Масалан, ҳоло бинои «Газпром», гузарогоҳи зеризаминии метрои «Рижская» ва бисёр бинову гузаргоҳҳои шаҳри Москва маҳз бо усули диодӣ рӯшноӣ дода мешаванд ва ин дар лоиҳаи онҳо нишон дода шудааст. Ҳамин тариқ, бозори умумии истеҳсоли асбобҳои ршноидиҳандаи диодӣ дар ҷаҳон соли 2005-ум агар 4 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медод, аз рӯи ҳисоби мутахассисон, интизор меравад, ки то соли 2100 аз 8 миллиард мегузарад. Лампаҳои рӯшноии диодӣ на танҳо имконият медиҳанд, ки дар муқоиса бо лампаҳои мавҷуда то 50-80 фоизи нерӯи барқ сарфа гарданд, инчунин онҳо дар муддати дуру дароз ба хизматрасони эҳтиёҷ пайдо намекунад (кафолати корияшон 5 сол ва кафолати хидматияшон 10 солро ташкил медиҳад) ва аз он ҷиҳат, ки гарм намешаванд, безарар буда, боиси сухтору таркиш намегарданд. Бо вуҷуди ин ҳама каммасрафӣ хусусияти аз ҳама муҳим ва ҷолиби ин лампаҳо ба шумор меравад. Тавре дар паём зикр гардидааст, пурра ба лампаҳои каммасраф гузаштани аҳолии кишвар, ки зиёда аз як миллон муштариро ташкл медиҳад, баробари як нерӯгоҳи иқтидораш 810 МВт баробар аст. (барои муқоиса НБО-и «Сангтӯда-1» 670 МВт иқтидор дорад). Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба таври зайл омадааст: «Имрӯз дар кишвар муштариёни маишии қувваи барқ зиёда аз як миллион, яъне оиларо ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар ҳар як хоҷагӣ ба ҳисоби миёна 8 адад лампаҳои имрӯзаи иқтидори умумиашон 800 ваттро дар давоми як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 12 соатӣ истифода намояд, он гоҳ дар давоми сол масрафи умумии аҳолӣ дар маҷмӯъ 3 миллиарду 620 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад. Дар сурати истифода намудани 8 лампаи каммасраф дар як сол хароҷоти умумии аҳолӣ ба 506 миллион киловатт-соат баробар мешавад. Яъне бо лампаҳои каммасраф иваз намудани лампаҳои ҳозира сарфаи нерӯи барқ танҳо аз ҳисоби аҳолии кишвар ба 3 миллиарду 120 миллион киловатт-соат баробар мешавад, ки он ба ҳаҷми истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии иқтидораш 810 мегаватт баробар аст». Аз худи ҳамин сухан ҳам хулоса баровардан мумкин аст, ки омили дуюм, яъне сарфакорона истифода бурдани нерӯ — наздиктар, осонтар ва арзонтар аст. Сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ дигар роҳу паҳлӯҳо дорад. Бояд ҳар як фарди Тоҷикистон донад ва огоҳ бошад, ки сарфаи ҳар як киловатт нерӯи барқ ҳам ба фоидаи худи ӯ ва ҳам ба фоидаи тамоми ҷомеа аст. Боз бармегардем ба ҳамон 1 000.000 муштарӣ. Агар ҳар як муштарии барқ як лампаи 100 Вт-ро (лампаҳои маъмулӣ дар назар аст) тули як шабонарӯз хомӯш накунад, ин баробар мешавад ба 2,4 кВт. Бо ин миқдор барқ метавон 22 кило семент тайёр кард ё 90 кило маҳсулоти нонӣ пухт. Беҳуда истифода бурдани як лампаи мазкур ба буҷети оила дар тӯли як шабонарӯз 14,4 дирам, як моҳ 4 сомониву 32 дирам ва дар тули як сол 51 сомониву 84 дирам зарар меоварад. Агар як миллион муштарии мо ҳамагӣ як лампочкаи 100 вт-ро дар тули як сол сарфа намоянд, дар кишвар 360 миллион киловатт. соат нерӯи барқ сарфа мешавад. Ба ҳисоби маблағ гирем, як лампочка 51 миллиону 84 ҳазор сомониро сарфа мекунад.Аз ҳамаи он касоне, ки ин сатрҳоро мутолиа дорад, як хоҳиш дорем: «Биёед, ба гирду пеши худ нигарем: оё мо ягон лампаи барқиро беҳуда фурӯзон нигоҳ надошта истодаем?! Агар ин хел бошад, ин зарар ҳам ба ҷомеа аст ва ҳам ба кисаи худи мо!!!» Дар Тоҷикистон интиқоли барқ фақат барои рӯшноӣ ва истифодаи асбобҳои маишӣ, аз қабили яхдон, телевизион ва ба инҳо монанд, таъин шудааст. Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҳар оила ба ҳисоби миёна 1,2 кВт нерӯи барқ ҷудо шуда буд. Барои пухтани хӯрок ва гарм кардани хонаҳо истифода бурдани барқ тавсия дода намешавад. Ин хатҳои интиқолӣ ва иншоотро сербор сохта, боиси садамаҳои барқӣ мегарданд. Чунки он вақт хонаҳо, муассисаҳои маориф, тиб ва баъзе корхонаҳо тавассути дегхонаҳои буғӣ гарм карда мешуданд. Дар он замон ба ғайр аз он ки Маркази барқу гармӣ кор мекарду хати оби гарми он то гӯшаҳои дурдасти шаҳри Душанбе мерасид, боз дар шаҳр 178 дегхонаҳои буғӣ кор мекарданд, ки ҳам оби гарм медоданд ва ҳам манзили мардуму утоқи кориву синфхонаҳоро гарм мекарданд. Ва аз ин ҳисоб ба миқдори зиёд нерӯи барқ сарфа мегашт. Газ чор фасли сол муҳайё буд ва ғайри хонаҳои 8-10 қабата, дигар дар ягон ҷо бо барқ хурок тайёр намекарданд. Не, мақсад сарфаи нерӯи барқ набуд, балки барқ қиммат буду газ арзон. Тасаввур кунед, як баллон газ 4 сум буд, ки ин баробари 100 кВт нерӯи барқ қиммат дошт. Ҳол он ки ҳоло як баллон 40 сомонӣ нарх доад ва бо ин маблағ тақрибан 667 кВт нерӯи барқ харидорӣ намудан мумкин аст. Бо барқ гарм кардани манзилу синфхонаву утоқҳои корӣ низ хеле қиммат меафтод аз он ки бо буғ гарм намоянд. Ҳоло ҳама, на танҳо дар шаҳр, ҳатто дар деҳот ҳам, рӯ овардаанд ба барқ. Сабабаш: барқ ҳам арзон аст ва ҳам онро дуздидан мумкин аст. Вақте сухан дар бораи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ меравад, мо гумон мекунем бобати ин омилҳо низ чораҳои мушаххас бояд андешид. Аввалаш — барқарор намудани манбаҳои гармӣ…Чанд сол боз МБГ- шаҳри Душанбе кор мекунад, вале аз сабаби он ки сокинони хонаҳои баландошёна ҳангоми таъмири аврупоии хонаҳояшон — ё онҳоро чизи барзиёдатӣ ҳисоб намудаанд, ё дасти усто нарасидааст, ки дар пушташон гулқоғаз (обой) часпонад, ки батареяҳоро канда партофтаанд. Аз ҳамин сабаб ҳам, бо буғ гарм кардани хонаҳо имрӯз, агар МБГ ҳам кор кунад ва агар буғхонаҳо низ барқарор гардад, ба проблема табдил ёфтааст. Баръакс, дар хонаҳои бадвоҳима «мини котелный»-ҳо пайдо шудаанд, ки манбаи нерӯи онҳо барқ аст! Барқарор намудани манбаҳои гармибахш низ аз гӯшаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ аст. Ва барои он, ки «мини котелный»-ҳову саунаҳо он тараф истад, дар як хона ду-се печи электрикӣ намонанд ва аз спирал сандалӣ насозанд, бояд ҳисобу китоби барқ дуруст ба роҳ монда шавад ва масъалаи нархи барқ мавриди таҳлил ва баррасии ҷиддӣ қарор бигирад. Аввал дар бораи нархи барқ…Ҳарчанд мо тарафдори он нестем, ки нархи барқ дар кишвар яку якбора баланд бардошта шавад, қоил бояд шуд, ки дар мо нархи барқ хеле арзон аст, ҳатто метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон нархи барқ арзонтарин дар дунё ба шумор меравад. Дар кишвари мо дар муқоиси бо ҷумҳуриҳои ҳасоя, аз ҷумла Қирғизистон, ки системаи энергетикияш шабеҳ аст, нархи барқ хеле арзон мебошад. Ва ин арзонӣ ду омили хеле номатлубро ба миён меорад: -Якум, даромади ширкат хароҷоташро намепушонад, ки ин боиси душвор гаштани такрористеҳсолкунӣ ва бо барқи хушсифат таъмин намудани хоҷагии халқи кишвар ва аҳолӣ мегардад. Тавре ҳисобҳои оморӣ нишон медиҳанд, тарифи миёнаи фурӯши барқ дар ҷумҳурӣ соли гузашта 4,77 дирамро ташкил дод. Дар амал бошад, барқ ба гурӯҳҳои алоҳида, алалхусус аҳолӣ, аз ҳисоби тарифаи миёна арзонтар, тақрибан бо нархи 4,30 дирам фурӯхта мешавад. Ин фарқият ба ширкат миллионҳо сомонӣ зарар ворид менамояд. Дар баробари ин, ШСХК «Барқи тоҷик» пардохти лоиҳаҳои инвеститсионии сохтмони иншоотҳои калонро ба зима дорад, ки ин ҳам ба вазъи молиявии он таъсир мерасонад. Баъзан чунин ақида изҳор мешаванд, ки гӯё бо сабаби он, ки барқи мо аз об истеҳсол мешавад, арзиши аслиаш бояд арзон бошад. Вале як чизи муҳимро фаромӯш набояд кард, ки барои истеҳсол намудан ва онро аз як ҷо ба ҷои дигар интиқол додан чӣ қадар меҳнат сарф мешавад ва чӣ қадар таҷҳизот даркор ва боз таҷҳизоте, ки тақрибан ягон қисми эҳтиётии онҳо дар Тоҷкиситон истеҳсол намегарданд. Ба ғайр аз ин, аксари нерӯгоҳҳои барқии мо дар замони шӯравӣ, сӣ — чил сол ва аз ин ҳам пештар, сохта ба истифодабарӣ дода шудаанд ва онҳо кайҳо боз ба таъмиру таҷдид эҳтиёҷ пайдо намудаанд, инчунин барои сохтани иқтидорҳои нави энергетикӣ ва инфраструктураи он ҳам маблағҳои калон лозим аст. Баъдан, системаи энергетики мо пурра ба системаи энергетики Қирғизистон монанд аст, яъне ҳарду ҳам барқи обиянд, вале, тавре дар боло гуфтем, нархи барқ дар мо нисбат ба Қирғизистон низ арзон аст. Дар ин замина, барои беҳбудӣ бахшидан ба вазъи молиявии ширкат, ки он ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва таъминоти барқ таъсири манфӣ мерасонад, баланд бардоштани нархи барқ ногузир аст. Ин танҳо ақидаи мутахассисони мо нест. Масалан, коршиноси соҳаи энергетики минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки умумиҷаҳонӣ Рагувир Шарма, ки вазъи энергетикии кишвари моро мавриди омӯзиш қарор додаст, ақида дорад, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи соҳаи гидроэнергетика, ки ба таҷдиду офият хеле ниёз пайдо кардаааст, имрӯз дар Тоҷикистон ҳар киловатт.соат нерӯи барқ ба ҳисоби миёна бояд камаш 4 сент нарх дошта бошад. ӯ ақида дорад, ки зиёд кардани нархи нерӯи барқ боиси беҳбудӣ бахшидан ба таъминоти барқ мегардад. Мувофиқи назарпурсие, ки Бонки умумиҷаҳонӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон ва Қирғизистон гузаронидааст, мардум тайёранд барои барқ зиёдтар маблағ сарф намоянд, ба шарте сифати таъминоти он беҳтар гардад. Аммо барои беҳбудӣ бахшидан ба дараҷа ва сифати таъминот маблағ лозим аст! -Дуюм,-арзон будан нерӯи барқро беқадр месозад ва боис ба он мегардад, ки муштариён сарфакорона истифода бурдани онро сарфи назар месозад. Одатан ҳама вақт чизи арзон беқадр аст ва дар бораи сарфакорона аз он истифода бурдан кам фикр мекунанду чора меандешанд. На он қадар гарон будани нархи барқ ба он боис гардидааст, ки соатҳои дароз таҷҳизот ва чароғҳои барқӣ бефоида истифода мешаванд. Дар хонаҳои баландошёна чароғи ванна ё роҳравро умуман хомӯш намекунанд, дар корхонаҳо дастгоҳҳо бекор давр мезананд. Мардуми мо як дона гугирдро эҳтиёт мекунанд, вале ду -се ва аз ин зиёд чароғи барқиро шабонарӯз фурӯзон нигоҳ медоранд. Тӯли чанд соли охир, масъалаи ба ангишт гузаштани ошхонаву нонпазхонаҳо ба миён омадааст, вале ба ин касе риоя намекунад Вобаста, ба вазъи зикргардида, нархи нерӯи барқ марҳила ба марҳила баланд бардошта хоҳад шуд, ки ин тадбир барои беҳбудӣ бахшидан ба таъминоти аҳолӣ ва иқтисодиёти мост. Дар вазъияти ҳозира, вақте маҳсулоти истеҳсолнамудаи мо — нерӯи барқ хароҷотро намепушонад, пеш бурдани соҳа ва таъминоти саросарӣ бо нерӯи барқ мумкин нест.Аламовараш он аст, ки бо вуҷуди арзон будан, аз тарафи аҳолӣ ва корхонаҳо ҳаққи истифодаи барқ сари вақт пардохт намешавад, ки ин боиси пайдо шудани душвориҳои навбатӣ мегардад. Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ қарзи дебиторӣ аз истифодаи энергияи барқ то 1 апрели соли 2009 ба 308 миллион сомонӣ баробар буда, аз он қарзҳои ҷорӣ 21 миллиону 950 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Қарзи аҳолӣ бошад, ба 71 миллиону 859 ҳазор сомонӣ баробар аст. Бобати дуруст ба роҳ мондани ҳисобу китоб, ки ин ҳам як рукни ба истифодаи сарфакорона ноил гардидан мебошад, як қатор корҳо ба сомон расонида мешаванд. Масалан, дар доираи татбиқи лоиҳаи «Кам кардани талафоти нерӯ» бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонии рушд ва кафолати давлатии Шветсария дар шаҳри Душанбе ҳисобкунакҳои индуксионӣ ба ҳисобкунакҳои электронӣ иваз карда шуда истодаанд ва то ин дам қариб 19 000 адад ҳисобкунак насб карда шудааст. Танҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 9249 адад ҳисобкунаки электронӣ васл карда шудааст. Бо мақсади ҳар чӣ зудтар ба итмом расонидани лоиҳаи мазкур ШСХК «Барқи Тоҷик» аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, насби ҳисобкунакҳои электрониро то 500 адад дар як рӯз расонидааст ва мақсад аст, ки тамоми ҳисобкунакҳои индуксионӣ ҳарчӣ тезтар ба электронӣ иваз карда шавад. Зеро ин пеш аз ҳама ба паст шудани сатҳи талафоти барқ, сарфаҷӯии он ва зиёд шудани сатҳи ҷамъоварии маблаҳои фурӯши барқ мусоидат менамояд. Воқеан, иваз намудани ҳисобкунанҳо бо ҳисобкунакҳои электронӣ, ки чанд марҳилаи ҳифз доранд, алаккай натиҷаҳои худро нишон дода истодаанд.Бо сабаби он ки дигар барқ ройгон истифода бурда намешавад, нуқтаҳои нонпазӣ ихтиёрӣ ба ангишт гузашта истодаанд ва ахолӣ низ барқро сарфакорона истифода мебарад. Ҳисобкунакҳои нав бо ҳассосияти худ тамоми нерӯи сарфшударо ба ҳисоб мегирад. Бинед, баъди он ки ин ҳисобкунакҳоро насб намудаанд, хабарнигори «Вечерный Душанбе чӣ менависад: «Ҳама ба хотири он аст, ки ба мо сарфакориро омӯзанд. Мо ба ин зид намебудем, агар дар хонаҳоямон оби гарм, газ медоштем. Вале мо аз ин нишонаҳои тамаддун маҳрумем. Ба ҳар ҳол акнун сарфакорӣ мекунем, чунки бо чунин ҳисобкунакҳо бисёр гарм намекунӣ..» (Да, все делается к тому, чтобы научить нас экономить. Мы не были бы против, если бы в наших квартирах были горячая вода, газ, отопление зимой, но мы лишены этих благ цивилизации. Зато теперь будем экономить, жить без света и тепла, так как при таких счётчиков много не нагреешь..» Е. Пасторова, «ВД», №16,от 16.04.09 стр.3) Илова бар ин, бо мақсади боз ҳам паст намудани сатҳи талафоти технологии қувваи барқ, ки ин ҳам як рукни сарфакорист, аз ҷониби ШСХК « Барқи Тоҷик» усули нави ҳисобу китоби меъёри талафоти технологӣ дар шабакаҳои барқии ШСХК «Барқи Тоҷик» таҳия гардидааст, ки айни замон ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқа пешниҳод шудааст. Маҳз паст кардани сатҳи талафоти қувваи барқ буд, ки гарчанде дар семоҳаи аввал нишондиҳандаҳои истеҳсол ва хариди барқ кам гардида бошад ҳам, аммо интиқоли фоиданоки қувваи барқ ба 137 миллиону 260 ҳазор кВт соат, ё ин, ки ба маблағи 8 миллиону 922 ҳазор сомонӣ зиёд гардид. Умуман дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми энергияи барқи фоиданоки истифодашуда ба 2 миллиарду 481 миллион кВт соат расид. Маблағи ҳисобшудаи барқи фоиданок 161 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз он 139 миллиону 344 ҳазор сомониаш пардохта шудааст. Яъне нақшаи ҷамъоварии умумии маблағҳо ба андозаи 86,4 фоиз ва нақшаи ҷамъоварии маблағҳо аз аҳолӣ 62,1фоиз иҷро шуд. …Маҳз дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ гирифтани дастуру нишондодҳои Президенти Тоҷикистон бобати сарфакорӣ нишонаи он аст, ки ба ин масъала бояд ҷиддӣ муносибат намуд. Ҳам бобати ҷорӣ намудани лампаҳои диодӣ ба ҷои лампаҳои муқаррарии тафсанда, ҳам бобати пардохти ҳаққи барқ ва ҳам бобати кам намудани талафоти нерӯ ҳар як шахс ва тамоми ҷомеа масъуланд. Дар Паём ба роҳбарони вазорату корхонаҳои низ дастур дода шудааст, ки бобати ҷорӣ намудани лампаҳои каммасраф фаъолият нишон диҳанд. Ин нукта ба тариқи зайл ифода ёфтааст: «Бо дар назардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта бояд дар Тоҷикистон низ ба кори сарфаҷӯии энергия мутахассисони бомаҳорат ҷалб карда шуда, истифодаи асбобу таҷҳизоти замонавии каммасрафи барқӣ, воситаҳои техникии истеҳсол ва интиқоли барқ ба роҳ монда шавад. Бинобар ин, ба вазоратҳои энергетика ва саноат, рушди иқтисод ва савдо зарур аст, ки бо мақсади кам кардани талафоти нерӯи барқ, гази табиӣ ва об барномаи истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ ва сарфаҷӯии энергияро барои солҳои 2009-2015 таҳия намуда, ба Ҳукумат пешниҳод созанд.» Дар Паёми Президент Ҳукумат, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, вазифадор карда шудаанд, ки то охири соли 2009-ум дар тамоми қаламрави кишвар истифодаи пурраи лампаҳои каммасрафи барқиро ҷорӣ намоянд. Дар ШСХК «Барқи тоҷик» дар партави дастуру нишондодҳои дар Паёми Президент дарҷёфта нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст, ки мақсад аз онҳо амалӣ намудани ин нақшаву ниятҳои манфиатбахш ва ҳарчӣ бештар ба нафъи мардум истифода бурдани захираҳои гидроэнергетикии кишвар аст. Дар нақшаи чорабиниҳои ширкат пурра риоя ва амалӣ намудани дастуру нишондоди Президенти кишвар пурра таҷассум ёфтааст. Дар шароити норасоӣ ва нокифоягӣ, дар ин ҷо нерӯи барқ дар назар аст, меъёрро таҳсис намуда, аз рӯи он амал намудан нишонаи маданиятнокӣ ва масъулитшиносист. Мо имрӯз ҳамин қадар имконият дорем ва агар аз он сарфакорона истифода намоем, ҳам иқтисодиёт ва ҳам иҷтимоиёти худро пеш мебарем ва ҳам пеши касе гардан каҷ намекунем. Пас, биёед аз рӯи дастуру нишондодҳои Президенти худ, ки дар нияти рушду нумӯи кишвар ва рӯзгори ободу осудаи ҳар як шаҳрванд аст, амал намоем. Аз ин лиҳоз, имрӯз сарфакорӣ нишонаи маданияти баланд ва гувоҳи ватандӯст будани мову шумост. Роҳбари дафтари матбуоти ширкати саҳҳомиву холдингии «Барқи тоҷик»