СЕМИНАРИИ МИНТАҚАВӢ ДАР КӮЛОБ

Апрель 29, 2009 15:03

                    Кӯлоб, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар шаҳри Кӯлоб семинари минтақавӣ дар мавзӯи «Рафти ислоҳоти хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи ҷаҳонии хизмати давлатӣ» доир гашт. Дар кори семинар намояндагони раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзиданд. Мақсад аз баргузории семинар такмил додани соҳаи хизмати давлатӣ, таъмини иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқи хизмати давлатӣ, амалӣ намудани амру фармонҳои Президенти ҶТ ва дигар муқаррароти қонуни ҶТ дар бораи хизмати давлатӣ ба шумор меравад. Бо суханони ифтитоҳӣ Ҷумъахон Давлатов, сардори раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҶТ баромад намуда, ҳамчунин дар мавзӯи «Рушди соҳаи хизмати давлатӣ, шарҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар асоси қонуни ҶТ дар бораи хизмати давлатӣ» қабул гардидаанд, маърӯза намуд. Сипас Арно Алманн- мушовири байналмилалии лоиҳаи иттиҳоди Аврупо, Арунас Бекша- эксперти асосии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо, Фариза Эргашева- директори миллии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо, Қурбонали Азизов сардори шӯъбаи талаботи тахассусӣ ва системаи музди меҳнати раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҶТ санадҳои қонунгузории соҳаи мақомоти давлатӣ, тартиби таҳияи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатӣ, тавсияҳои методӣ оид ба таҳияи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатӣ, тартиби баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ ва атестатсияи хизматчиёни давлатӣ, таҷрибаи ҶТ, таҷрибаи пешқадами хориҷиро шарҳ дода, ба саволҳои иштирокчиёни семинар ҷавоб доданд. Семинар 2 рӯз идома ёфта, дар он хизматчиёни давлатии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Мӯъминобод, Шӯрообод, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Ховалинг ширкат варзиданд. Дар хотима мудири бахши Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҶТ дар минтақаи Кӯлоб Файзулло Фақеров ба меҳмонон барои баргузории семинар изҳори минатдорӣ намуд.  

Апрель 29, 2009 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд