ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН БА ҚАТЛИ ЯМАДАЕВ ГУМОНБАР ДОНИСТА МЕШАВАД
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар Аморатҳои Муттаҳидаи Араб шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони иштирокаш дар куштори қумондони собиқи баталёни «Восток», Қаҳрамони Русия Сулим Ямадаев дастгир карда шуд. Тавре хабар дода шуда буд, ба ҷони С.Ямадаев 28 марти соли равон сӯиқасд ташкил карда шуд ва ӯ дар натиҷа ба ҳалокат расид. Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки вобаста ба воқеаи куштори С.Ямадаев ду нафар дастгир карда шудааст. Яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон Мақсудҷон Исматов ва нафари дигар шаҳрванди Эрон мебошанд. Хабар дода мешавад, ки ба қатли С.Ямадаев инчунин се шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди Қазоқистон гумонбар дониста мешаванд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






