ШАРҲИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА АУДИТИ МАХСУСИ ОН

Апрель 23, 2009 08:54

                Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аудити махсуси Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи барномаи молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ширкати байналмилалии «Earnst & Voung», ки онро Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси озмун аз байни чандин ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ интихоб намуд, гузаронида шуд.               Тавре дар маркази матбуоти Бонки миллӣ масъалаи мазкурро шарҳ доданд, мақсади аудит муайян намудани дурустии маълумоти дар тавозуни Бонки миллии Тоҷикистон инъикосёфта ва пешниҳоди чорабиниҳо оид ба такмили идораи дороиҳо ва ҳисобдорӣ буд.                Ба иттилои сарчашма аудит моҳҳои сентябр — октябри соли 2008 гузаронида шуда, фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистонро то августи соли 2008 дарбар гирифт. Дар хулосаи аудиторӣ қайд шудааст, ки дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон камбудиҳо дар идоракунии дороиҳо ва қабули қарорҳо оид ба ҷалбу ҷудо намудани қарз ба низоми бонкӣ вуҷуд доранд.                 Аз ҷумла, ҳангоми қабули қарорҳо оид ба ҷудо намудани қарз ба ҶСП «Кредит — инвест» на ҳама вақт ақидаи аъзои Раёсат ба инобат гирифта шудааст. Дар чорчӯбаи дастурамалҳои мавҷуда Раиси бонк имкон дошт, ки мустақилона ва бе дарназардошти ақидаи аъзои Раёсат қарори дахлдор қабул намояд. Инчунин ҳангоми қабули қарорҳо гуё зиддияти манфиатҳо ба инобат нагирифта шудааст, ки боиси иштироки шахси манфиатдор дар қабули қарорҳо гардидааст.                «Вобаста ба ин ва дар асоси пешниҳодҳои ширкати аудиторӣ ба қонунҳои мавҷуда «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» тағйироту иловаҳо дохил карда хоҳанд шуд. Ҳоло баррасии пешниҳодҳо дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад ва қабули онҳо моҳҳои наздик дар назар аст. Вориди кардани тағйиротҳо ба қонунҳои мавҷуда имкон медиҳад, ки идоракунии Бонки миллии Тоҷикистон такмил дода шуда, шаффофият ва ҳуқуқи ҳамаи аъзои Раёсат таъмин карда шавад, зеро он аз ҷумла, ба ҳайати Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ворид кардани шахсони мустақил — собиқадорони соҳаи бонкдорӣ, донишмандон ва олимони соҳаро дарбар мегирад», — тазаккур доданд дар Бонки миллӣ.                 Мавриди зикр аст, ки аудит инчунин тартиби ифодаи маблағҳои ба соҳаи пахтакорӣ равонашуда ва ташкили ҳисобдорӣ дар ширкатҳои сармоягузории соҳаи пахтакориро мавриди баррасӣ қарор дод.                 Маълум шуд, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон солҳои 1997-2007 барои маблағгузории соҳаи пахтакорӣ аз хориҷи кишвар маблағҳои муайянро ҷалб намуда, ба ширкатҳои «ХИМА», «Тамер ИНБ», «Олими Каримзод», «Хуҷанд-Инвест-Коттон» ва ғайраҳо қарз додаст.Ин ширкатҳо қисми асосии маблағҳоро ба хоҷагиҳо дода қисми дигари онро барои сохтмони заводу фабрикаҳо истифода кардаанд.                 Қобили қайд аст, ки хоҷагиҳои пахтакор бо сабабҳои гуногун ҳарсола қисме аз қарзҳояшонро баргардонида натавонистаанд ва давоми чанд сол маблағи қарзҳои баргардониданашуда зиёд шуда, дар якҷоягӣ бо қарзҳои ширкатҳои миёнарав ба таърихи 31 декабри соли 2008 маблағи 589 млн. долларро ташкил додааст, ки он тахминан 65 фоиз ба хоҷагиҳо ва 35 фоиз ба ширкатҳои миёнарав рост меояд. Камбудиҳо дар низоми ҳисобдорӣ, ҳисоббаробаркунӣ байни ширкатҳо, нигаҳдорию пешниҳоди ҳисобҳои молиявӣ низ ошкор шудаанд.                 Ширкати аудиторӣ инчунин қайд кардааст, ки вобаста ба камии вақту пурра дар бар нагирифтани амалиётҳои мавҷуда оид ба кори анҷомдодааш хулосаи аниқ дода наметавонад.                 Ширкати аудиторӣ дар ҳисоботи худ шахсони алоҳидаро гунаҳгор накардааст.                  «Вазъи онвақтаи иқтисодиёт ҷалби маблағҳои муайянро барои дастгирии соҳаҳои истеҳсолӣ тақозо мекард ва аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон аз хориҷи кишвар зиёда ва аз 2 млрд. долл. ИМА-ро барои маблағгузории соҳаи пахтакорӣ ҷалб намудааст. Гарчанде, ки ин маблағҳо ба ном барои пахтакорӣ ҷалб шуда бошанд, дар асл онҳо барои маблағгузории соҳаҳои дигар низ истифода шудаанд. Қисми онҳо (тақрибан 400 млн. долл. ИМА) бо ҳар роҳ барои дастгирии буҷетҳои давлатию маҳаллӣ равона шудааст. Бо сабабҳои гуногун хоҷагиҳои пахтакор, ки истифодакунандагони асосии қарзҳо буданд ҳамаи онҳоро баргардонида натавонистанд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ду барнома ба маблағи 30 млн. долл. ИМА оид ба ҳалли қарзи хоҷагиҳои пахтакорӣ амалӣ мегардад», — мӯътақид аст сарчашма.                 Дар хулосаи аудиторӣ дар бораи сараввал дар тавозуни бонк инъикос накардани қарз ба маблағи 870 млн. сомонии ба хоҷагиҳо додашуда сухан меравад. Ин маблағ мутобиқи маводҳои мавҷуда бо воситаи ТМХ «Кредит-инвест» ва ширкатҳои дар боло қайдшуда барои қарздиҳӣ ба хоҷагиҳои пахтакор истифода шудааст. Камбудиҳои дигари дар хулосаи аудиторӣ омада аслан ба тартиби ҳисобдорӣ, инъикоси дурусти амалиёт дар тавозуни ширкатҳо, тартиби фурӯши пахта ва нархгузории техникаю сӯзишворӣ дахл доранд.                Хазинаи байналмилалии асъор, ки дархосткунандаи аудити махсус буд, аз рӯи натиҷаи он фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ карда, 21 апрели соли ҷорӣ Барномаи оид ба кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ, ки дар чорчӯбаи он барои дастгирии барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Тоҷикистон 120 млн. долл. ИМА ҷудо мегардад, тасдиқ намуд.                Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми идоракунӣ ва ҳисобдорӣ нақшаи чорабиниҳоро омода кардааст, ки он мавриди татбиқ қарор дорад.                Гуфтанист, ки қисме аз талаботҳои нақша ба монанди манъ кардани фаъолияти ба вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон алоқаманд набуда, таъмини шаффофият дар идоракунии он, такмили низоми аудити дохилӣ ва ғайраҳо аллакай амалӣ шудаанд. Қисми дигар, ба монанди ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои мавҷуда, аудити тавозуни бонк барои солхои 2008-2009, такмили сиёсати пулӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор доранд.

Апрель 23, 2009 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид