ШИРКАТИ АЛЮМИНИИ ТОҶИКИСТОН 34 – СОЛА ШУД

Апрель 1, 2009 13:37

                     Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Ба оғози фаъолияти яке аз корхонаҳои калонтарини истеҳсоли алюминий дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ягона корхонаи алюминий дар Осиёи Марказӣ — Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон» 34 сол пур шуд. Корхона 31 марти соли 1975 маҳсулоти аввалин истеҳсол карда буд. Иқтидори солонаи он 517 ҳазор тонна алюминий мебошад.                      Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, корхона 3 апрели соли 2007 ба Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон» табдил дода шуд. Ширкати мазкур имрӯз корхонаи калонтарини саноатии мамлакат ба шумор меравад. Маҳсулоти он тақрибан нисфи ҳаҷми умумии маҳсулоти корхонаҳои саноатии мамлакатро ташкил медиҳад. Соли 2008 дар ин ҷо зиёда аз 400 ҳазор тонна алюминии хоми навъи олӣ истеҳсол карда шуд.                      Ширкати алюминии Тоҷикистон дар бобати ғанӣ гардондани буҷети ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозад. Ширкат соли 2008 ба маблағи 270 миллион сомонӣ андоз супорида, ба маблағи бештар аз сад миллион доллари ИМА ҳаққи истифодаи қувваи барқро пардохтааст. Маҳсулоти корхона имрӯз ба тамоми талаботи меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ мебошад. Дар ин бора ҷоизаҳои байналхалқии он шаҳодат медиҳанд.                        Ширкат охири соли гузашта бо ҷоизаи байналхалқии «Корхонаи беҳтарини Аврупо» мукофотонида шуд. Кумитаи Ассамблеяи тиҷоратии Аврупо дар Британияи Кабир ширкати мазкурро барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти хушсифат бо мукофоти худ сарфароз гардонд. Илова бар ин соли 2008 Ширкати алюминии Тоҷикистон сазовори ҷоизаи байналхалқии «Сифати олии аврупоӣ» гардид.

Апрель 1, 2009 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид