СОҲАИ МОҲИПАРВАРӢ БАРҚАРОР МЕГАРДАД

Апрель 15, 2009 16:41

                 Восеъ, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар ноҳияи Восеъ фаъолияти ду хоҷагии моҳипарварӣ, ки солҳои тӯлонӣ аз фаъолият боз монда буданд, барқарор карда шуд. Имсол ҳавзҳои моҳипарварии ҷамоатҳои Меҳнатобод ва Арали ноҳия таъмир шуда, барои парвариши моҳӣ мувофиқ гардонда шуданд. Сармутахассиси шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Восеъ Умаралӣ Шарифов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки моҳӣ дар деҳаҳои Ёхсу, Сурхоб, Сияҳоб ва обанбори Селбури ноҳия зиёд аст, аммо моҳиён мавриди шикори бераҳмонаи сокинон қарор гирифтаанд. Айни ҳол, идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳия барои пешгирии шикори худсаронаи моҳӣ тадбирҳо меандешад. Мавриди зикр аст, ки замони шӯравӣ дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Темурмалик, Восеъ ва Мӯъминободи минтақаи Кӯлоб ҳавзҳои калони моҳипарварӣ вуҷуд доштанд, вале бар асари воқеаҳои маълум аз миён рафта буданд. Мо акнун кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин ҳавзҳоро тадриҷан барқарор созем, гуфт У. Шарифов.  

Апрель 15, 2009 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд