СОКИНОНИ ШАҲРРО ИДОРАҲОИ КОММУНАЛӢ ОДОБ МЕОМӮЗАНД

Апрель 15, 2009 11:17

                 Душанбе, 15апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба заҳматҳои шабонарӯзии кормандони коммуналӣ нигоҳ накарда, рӯзҳои боронӣ кӯчаҳои шаҳрро об зер мекунад, чаро?                 Шахрдорӣ дар маҷлиси навбатӣ масъалаи фаъолияти иншоотҳои инфраструктуриро ба миён гузошт. Аммо боришоти рӯзҳои 11-12 -уми моҳи апрели соли чорӣ нишон дод, ки бархе аз каналҳои обпарои атрофии шаҳр мавҷҳои обро дар худ ғунҷонида натавонистанд ва об ба кӯчаю паскӯчаҳои шаҳр чорӣ гардид. Таҳқиқҳо нишон доданд, ки сокинони атрофи шаҳр ҳамарӯза партобҳои худро на ба ҷойҳои муайяншуда, балки ба каналҳои обпарто андохта, роҳи коллекторҳоро банд месозанд, ки ин боиси дигар шудани маҷрои об мегардад.                 Шаҳрдорӣ супориш дод, ки роҳбарони идораҳои хизмати коммуналӣ барои рафъи камбудиҳо чораҳои зарурӣ андешида, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва одоби шаҳрнишиниро ба сокинони маҳаллаҳои ба иншооти инфраструктурӣ наздик, фаҳмонанд.

Апрель 15, 2009 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд