«СОМОН» ЭҲЁ МЕГАРДАД

Апрель 6, 2009 11:29

                Душанбе, 6 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори 20-умин солгарди қабули қонуни забони тоҷикӣ ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ (форсӣ) китоб ва адабиёти гуногунро доир ба покизагии забон, рушди худшиносӣ ва фарҳангӣ миллӣ ва гиромидошти таълимоти Абӯҳанифа ибни Нӯъмон ибни Собит Имоми Аъзам таҳия ва омодаи чоп намудааст.                Раиси Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ, шоир Усмон Назир мегӯяд, ки китобҳои ҷашнӣ таҳти унвони «Забон ва сиёсат», «Истиқлолият бахти бузург» (андешаҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти таърихии истиқлолият ва ватандориву худшиносӣ), «Тоҷикистон — Ватани ҷовидонам туӣ» (маҷмӯаи ашъори шоирони тоҷик дар ситоиши Истиқлолият ва Ватан», «Суруди ҷовидон» (Аз таърихи Суруди миллии Тоҷикистон), «Андарзи бузургон» (баргузидаи андарзҳои Зардушт ва Имоми Аъзам) ба тозагӣ чоп шуда, пешкаши хонандагон мегарданд.                Ҳамзамон, Бунёди забон тасмим дорад, ки бахшида ба 20-умин солгарди қабули қонуни забони тоҷикӣ нашрияи худ — «Сомон»-ро эҳё ва чоп намояд.

Апрель 6, 2009 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд