ТӮРАҶОНЗОДА — АГЕНТИ КГБ ?
АЗ ИДОРА Ин мақола 15 марти соли равон дар сайти интернетии мухолифи Русия «Форум. мск. ру» чоп шуда буд. Мо бо назардошти риояи принсипи гуногунии ақидаҳо қарор додем, ки онро дар ҳафтаномаи «События» чоп кунем. Зеро, аввалан, дар байни ҷомеа чанд ҳафта боз дар бораи ин мақола баҳсу мунозираҳои пурҷӯшу хурӯш давом доранд. Вале на ҳамаи хонандагони мӯҳтарами мо хабару мақолаҳои Рунетро мутолиа мекунанд ва бо «манбаи» ин баҳсу мунозираҳо шинос мебошанд. Баъдан, ин ҷо сухан на танҳо дар бораи як шахсият (ё шахсиятҳо), балки дар бораи манфиатҳои ҳаётан муҳими халқу мамлакатамон меравад, ки қобили таваҷҷӯҳи ҷиддӣ мебошанд. Яъне мардум ҳақ дорад, донад, ки дар мамлакат чӣ гуна воқеаҳо рух додаанд ва кӣ дар бораи ин воқеаҳо чӣ мегӯяд? Мо бояд донем, ки кӣ дурӯғ мегӯяду кӣ рост. Симои ҳақиқии шахс ТӮРАҶОНЗОДА — АГЕНТИ КГБ ? Ҳама ба мақсади худ расидан мехоҳад, аммо на бо он роҳе, ки Исои Масеҳ ҳидоят мекунад. (Ё ҳикоя дар бораи он, ки агент «Абдукаримов» чӣ гуна проблемаҳои обу энергетикаи Осиёи Марказиро ҳал кардан мехоҳад). Фаррух Маҳмадшоев 15.03.2009. forum.msk.ru. Муносибатҳои имрӯзаи Тоҷикистону Ӯзбекистон он қадар хуб нестанд. Яке аз сабабҳои муташанниҷ гардидани муносибатҳои ин кишварҳо мавқеи на он қадар одилона ва на он қадар оқилонаи Русия — иттифоқчии стратегии Тоҷикистон мебошад. Роҳбари Русия моҳи январи соли равон зимни сафараш ба Ӯзбекистон вазъияти бӯҳронии Тоҷикистонро сарфи назар карда, дар бораи таваллудхонаҳо, шифохонаҳо, хонаҳои бачагон ва мактабҳои аз ҳавои хунук яхбаста чизе нагуфта, дар Тошканд зимни мулоқот бо Президенти ин мамлакат ҳаққоният ва зарурати ҷидду ҷаҳди халқи тоҷикро дар бобати ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ зери шубҳа қарор дод. Ислом Каримов ва Дмитрий Медведев манфиатҳои Тоҷикистонро фаромӯш карда, танҳо дар бораи манфиатҳои Ӯзбекистон ва Русия сухан ронданд. Дар ҳамин маврид, сарбозони «ҷабҳаи махфӣ» аслиҳа ба даст гирифтанд. Дар шумораи 5 феврали соли равон чопшудаи ҳафтаномаи мӯътабари «Фараж» — и Душанбе сӯҳбати мухбири он бо узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ, яке аз ходимони машҳури дин Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода чоп шуд. Ҳафтанома дар аввал тарҷумаи ҳол ва хизматҳои Тӯраҷонзодаро дар назди Ватан таърифу тавсифи зиёд мекунад. Дуруст аст, ки дар мусоҳиба дар бораи нақши ӯ дар ҷанги хунини бародаркушии Тоҷикистон ва мавқеаш нисбати воқеаҳои фоҷиабори дар ин сарзамини азияткашида рухдода чизе гуфта намешавад. Баъдан, ҷаноби Тӯраҷонзода зимни сӯҳбат дар робита бо вокуниши Сарвари давлат ба проблемаи истиқлолияти обу энергетики давлати соҳибихтиёр изҳори норизоӣ намуда, Ҳукуматро танқид мекунад, ки дар вақташ корхонаи дар мамлакат ягонаи алюминии «ТАЛКО» — ро ба Олег Дерипаскаи «камбағалу бечора» нафурӯхтааст. Ҳол он ки корхонаи мазкур на танҳо мояи ифтихор, балки манбаи асосии даромади буҷети мамлакат мебошад. Ин ҷо таъкид кардан лозим аст, ки Тӯраҷонзода чи гуфтану чи кор карданашро ба хубӣ медонад. Вай шахси озмудашуда мебошад, ҳисобу китоби худро пешакӣ санҷида ва баробар карда метавонад, ӯ муносибатҳои дӯстонаашро танҳо ба манфиати худ истифода мебарад. Тоҷики гуруснаю бекор ва қашшоқ, ки моҳҳои тӯлонӣ аз истифодаи қувваи барқ маҳрум аст, аз ҳамаи ин хабар надорад. Аммо Тӯраҷонзода бо табассуми хос ва ба ҳамагон маълуми муғамбиронаи худ аз ӯҳдаи ин корҳо моҳирона мебарояд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро Русия ва Ӯзбекистон маҳз дар чунин лаҳзаҳои барои Тоҷикистон мураккабу душвор маҳз ба Тӯраҷонзода такя мекунанд. Маълум аст, ки ба туфайли ҷорӣ гардидани принсипҳои бозсозӣ, демократия ва соҳибихтиёрӣ дари бойгониҳои хадамоти махсус ва махфии ин давлатҳо кам бошад ҳам, кушода шуданд. Ин ба мо имкон медиҳад, ки ба моҳияти фаъолияти ҷаноби Тӯраҷонзода сарфаҳм равем. Моҳияти масъала дар он ифода меёбад, ки ҷаноби Тӯраҷонзода аз соли 1971 ҳам барои Ӯзбекистон ва ҳам барои Русия одами худӣ мебошад. Ӯ он солҳо хеле ҷавон буд. Падари мӯҳтарам ва шодравони Акбар — эшони Тӯра (аз рӯи ҳуҷҷатҳо Қаҳҳоров Тӯра) дар вақташ имом — хатиби масҷиди яке аз ноҳияҳо буд. Маълум мешавад, ки ҳамон солҳо ин вазифа дар Кумитаи давлатии амният ба қайд гирифта мешуд. Имом — хатиб Тӯра бо лақаби «Собит» ба шабакаи агентии мақомоти маҳаллии амният дохил мешуд. Маънои истилоҳи «собит» устувор, нотарс ва пойдор мебошад. Шояд, худи ӯ намехост, ки бо чунин мақомоти худро шармандаву шармсор карда сару кор дошта бошад, вале ба ҳар ҳол, тақдири ӯ чунин сурат гирифт. Он солҳо чунин шуморида мешуд, агар хоҳӣ, ки туро ҳурмат кунанд, имом — хатиб номанд ва фарзандону занони ту аз ҳисоби пайравони дин ва муридону намозхонон серу пур зиндагӣ кунанд, дар давоми як моҳ бояд ҳамагӣ ду — се ҳисобот нависӣ. Ин барои Тӯраҷонзода барин одамон душвор набуд. Вай ҳамон солҳо на як, балки ду зан ва чанд фарзанд дошт. Ба Тӯраҷонзода лозим меомад, ки дар бораи душманону рақибони худаш, дар бораи намозгузорон ва онҳое «маълумоти зарурӣ» диҳад, ки даъвогари вазифаи имом — хатибӣ буданд. Зиёда аз ин Қаҳҳоров Тӯра соли 1971 писари қобилу гапдарои худ Қаҳҳоров Акбар Тӯраевичро барои тарбия ба мақомоти ЧК месупорад. Ба туфайли кӯшишҳои ин мақомот ҷавони наврас бо номи Акбар ба мадрасаи Мири Араби шаҳри Бухоро дохил мешавад, ки ҳамон солҳо дар Иттиҳоди собиқи Шӯравӣ ягона мактаби олии динӣ буд. Мадрасаи мазкур замони шӯравӣ дар байни мардум ҳамчун филиали мактаби КГБ шӯҳрат ёфта буд ва донишҷӯёни онро масхараомез «курсантҳо» меномиданд. Дар ин мактаб танҳо агентҳои мақомоти амниятӣ таҳсил мекарданд. Ягон одами «пок» ба он дохил шуда наметавонист. Қаҳҳоров Акбар низ аз рӯзҳои аввали таҳсил кӯшиш мекард, ки худро поку гапдаро ва қобилиятноку боистеъдод нишон диҳад. Бояд гуфт, ки ӯ таҳти назорати доимии кормандони ЧК қарор дошт. Ниҳоят, вақти истифодаи Акбар расид ва ӯро барои сӯҳбат ба ӯтоқи кории мудири китобхонаи мадраса даъват карданд. Худи мудир дар ӯтоқи кориаш набуд. Акбарро ду шахси либоси шинам пӯшида ва қиёфаашон ботамкин пешвоз гирифтанд. Онҳо ба ӯ аз номи падараш салом расонданд, ки ҳамон вақт ҳамкори варзидаи махфии мақомоти амният ба шумор мерафт. Акбари ҷавон, ки зоҳиран орому осуда ва ботинан исёнкор ва саркаш буд, ба пешниҳоди онҳо зуд розӣ шуд. Ӯ дар фарҷоми сӯҳбат дар бораи ихтиёран розӣ шуданаш ба кор дар мақомоти махсус забонхат дод. Вале зимни интихоби лақаб ё тахаллуси касбӣ баҳсу мунозира ба миён омад. Кормандони ЧК қаблан барои ӯ лақаби «Максим» — ро тайёр карда буданд. Вале Акбари ҷавон дар ин маврид якравии худро нишон дода, розӣ нашуд, ки ба ӯ чунин лақаби ғайримусулмонӣ, номафҳум ва шубҳанок дода шавад. Мусоҳибонаш пай бурданд, ки Акбар агенти муқаррарӣ нест, бинобар ин ба ӯ гузашт карданд. Маълум шуд, ки Акбар худро ба чунин сӯҳбат хеле барвақт омода сохтааст. Вай барои худ тахаллуси «Абдукаримов» — ро интихоб карда буд. Кормандони ЧК ба он мароқ зоҳир карданд, ки чаро маҳз ҳамин номро интихоб кардааст. Акбар ҷавоб дод, ки ин хоҳиши қиблагоҳаш мебошад. Абдукарим номи амакаш мебошад, ки хеле барвақт вафот кардааст ва бисёр мехост, ки дар ҳамин мадраса таҳсил намуда, мисли Акбар ба халқи худ хизмат кунад. Дар ҳамин лаҳзаҳо дар чашмони Акбар ашк ҳалқа зад ва кормандони ЧК низ худро аз гиря ба зӯр нигоҳ доштанд… Ҳамин тариқ, ҳамкории тӯлонии сенздаҳсолаи Ҳ.А. Тӯраҷонзода бо хадамоти махсуси Ӯзбекистон оғоз ёфт. Имрӯз дастхатҳои пурбаҳои ӯ, ки қисман барои ҳамагон кушода шудаанд, баъзан барои омӯзиш истифода бурда мешаванд. Вале то ҳол ба чопи онҳо иҷозат дода намешавад. Бояд гуфт, ки курсант «Абдукаримов» ба забони ӯзбекӣ навиштанро хеле зуд ёд гирифт. Кормандони ЧК шогирди ҷавони худро дар мадраса чунон истифода мебурданд, ки вай қариб буд, ки забони модариашро фаромӯш кунад. Акбар бисёр ҷизҳоро медонист, бинобар ин дар бораи онҳо маълумоти бештар медод. Ин ҷо бояд гуфт, ки дар қисмати барои истифода иҷозатдодашудаи делои шахсии агент «Абдукаримов» ҳатто варақаи ҳавасмандкунӣ ва мукофот мавҷуд аст. Аз рӯи ҳамин варақа маълум мешавад, ки ӯ дар байни шогирдони мадраса яке аз ҷойҳои сазоворро ишғол мекард. КГБ ба ҳамкории самарабахши махфии шогирдони мадраса баҳои хуб медод. Соли 1982 агенти қобили эътимод ва боварибахш «Абдукаримов» дар доираи барномаи мубодилаи донишҷӯён барои таҳсил «бо мақсади иштирок дар амалӣ сохтани тадбирҳои тахассусӣ» ба Урдун фиристода шуд. Роҳбарияти олии КГБ ҳамон вақт бо ҳуҷҷати махсус агент «Абдукаримов» — ро аз дараҷаи «агенти муҳим» ба дараҷаи «агенти махсусан муҳим» боло бардошт. Ин болоравии мақоми агенти КГБ — ро нишон медод, ки дар дохили мамлакат кор карда, танҳо дар бораи ҳамватанонаш, яъне одамони худӣ «маълумоти зарурӣ» медод. Дар байни мукотибаи хеле зиёди шӯъбаҳои хадамоти махсус вобаста ба истифодаи агенти махсусан муҳим, ки акнун на ба КГБ ҶШС Ӯзбекистон, балки ба КГБ ИҶШС тааллуқ дошт, ҳуҷҷати дигари асосӣ — «супориши хаттӣ ба рафиқ «Абдукаримов» пайдо шуд. Ин ҳуҷҷат он қадар калон нест, ҳамагӣ аз шаш варақи чопи мошинӣ иборат аст ва дар қоғази хеле хушсифат чоп карда шудааст. Шояд ҳуҷҷати мазкур ба роҳбарияти марказ пешниҳод карда мешуд. Вазифаи асосии дар ин ҳуҷҷат нишондодашуда расондани кӯмак ба мақомоти ЧК дар бобати фош кардани донишҷӯён, шаҳрвандони мо ва шахсоне буд, ки дар Урдун зиндагӣ карда, ба тарзи ҳаёти шӯравӣ розӣ набуданд ва дар хориҷа мондан мехостанд, инчунин кор бо намояндагони миллати чечен буд, ки дар ин мамлакат зиндагӣ карда, ба муқобили сохти Шӯравӣ мубориза мебурданд. Қабл аз парвоз ба Урдун дар шаҳри Маскав дар яке аз ӯтоқҳои махфӣ Сулаймон Халилов ном корманди ЧК бо Акбар мулоқот кард. С.Халилов низ мусулмон ва шаҳрванди яке аз ҷумҳуриҳои Қафқоз буд. Ҳамроҳи ӯ ба ин мулоқоти ба истилоҳ назоратӣ, инчунин, барои таъкиди аҳамияти калони иҷрои вазифа дар шароити барои агенти шӯравӣ хавфнок сардори шӯъбаи чоруми раёсати панҷуми КГБ ИҶШС полковник А.И.Тимохин низ омада буд. Инҳо лақаб ё тахаллуси кормандони мақомоти махсус нестанд. Зеро дар делои шахсии агент «Абдукаримов» имзои шахсии онҳо мавҷуд аст. Зимни мулоқот асосан Халилов сухан мекард. Тимохин бо диққат мушоҳида менамуд, ки чӣ тавр разведкачии мусулмон ба агенти мусулмон дастуру маслиҳат медиҳад. Вай аз ҷумла, гуфт, ки дар Урдун теъдоди хеле зиёди чеченҳо зиндагӣ мекунанд. Ба онҳо, яъне ба кормандони ЧК зарур аст, ки бо чеченҳои сокини Урдун то ҳадди имкон бештар кор кунанд. Халилов дар ҳамин ҷо ба Акбар Тӯраҷонзода барои барқарор сохтани робита бо намояндаи КГБ шӯравӣ, ки дар сафоратхонаи ИҶШС кор мекард, нишони рамзӣ дод. «Абдукаримов» дарк намуд, ки акнун тақдири ӯ ба чекисти ӯзбек Х, Облоқулов вобаста нест, ӯ бояд минбаъд бо корманди дастгоҳи марказии КГБ ИҶШС С.Халилов кор кунад. Ин қиссаи тӯлонӣ ва дуру дароз аст. Ин ҷо барои баёни он на вақт кифоя мекунаду на имконият вуҷуд дорад. Дар омади гап гуфтан лозим аст, ки аз рӯи баъзе маълумотҳо яке аз нашрияҳои озоди Маскав китоби «Сад ҷосуси машҳури КГБ ИҶШС» — ро ба чоп омода месозад. Чӣ мегӯед, ки «илоҳиётшиноси маъруф», яъне ҳамдиёри мо ба ин рӯихати «пуршараф» дохил шудааст ва китоб ояндаи наздик чоп хоҳад шуд. Хонандагон ҳамин китобро мутолиа карда, дар боби ҳарфи «К» дар бораи фаъолияти агенти КГБ «Абдукаримов» маълумоти нисбатан пурра гирифта метавонанд. Халқи мамлакат бояд «қаҳрамонони» худро шиносад. Агенти КГБ «Абдукаримов» баъди хатми «таҳсил» аз Урдун бо таҷрибаи калон баргашт ва дар Раёсати умумии динии мусулмонони Осиёи Марказӣ ба кор шурӯъ намуд, ки қароргоҳи марказии он дар Тошканд воқеъ буд. «Абдукаримов» ҳамчун «манбаи маълумоти махсусан муҳим» мисли пештара бо марказ алоқаи доимӣ дошт. Ниҳоят дар Иттиҳоди Шӯравӣ давраи бозсозии Горбачёв фаро расид. Дар чумҳуриҳои шӯравӣ ба тақсим кардани вазифаҳо шурӯъ намуданд. Ҳамон вақт вазифаи роҳбари қозиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон холӣ буд ва делои шахсии шаҳрванд Қаҳҳоров А.Т. ба КМ ПК Тоҷикистон фиристода шуд. Нақл мекунанд, ки яке аз роҳбарони куҳансол ва пуртаҷрибаи КГБ ҷумҳурӣ делои шахсии дуҷилдаи (ҳар ҷилд дорои сесад саҳифа) — и «Абдукаримов» — ро бо диққат омӯхта, бо ҳар роҳу восита кӯшиш намуд, ки ӯ ба вазифаи роҳбари қозиёти мамлакат таъин карда нашавад. Мегӯянд, ки вай бо далелҳои раднашаванда исбот карданӣ буд, ки «Абдукаримов» на танҳо агенти КГБ, балки иғвогар ва хабаркаши муқаррарӣ низ мебошад. Чунин одам барои ҷамъият хавфи калон дорад. Вале далелҳои чекисти куҳансолро касе ба инобат нагирифт. «Абдукаримов» маҷбур шуд, ки барои ба даст овардани роҳбарии қозиёти ҷумҳурӣ шахсан ба воситаи роҳҳои махсуси озмудашуда мустақиман ба С.Халилов ва А.И.Тимохин муроҷиат кунад. Тимохин баъди чанд рӯз на танҳо шахсан ба Душанбе омад, балки ба фиристодани дастури қатъии КМ ҲКИШ мусоидат кард. Ҳамин тариқ агенти махсусан муҳими КГБ ИҶШС «Абдукаримов» қозикалони ҶШС Тоҷикистон гардид. Оё халқи Тоҷикистон, мусулмонон ва одамони қаторӣ аз ин бозиҳои махфӣ хабар доштанд ? Албатта, не! Онҳо имрӯз ҳам дар ин бора чизе намедонанд. Вале Тоҷикистон ҳамон вақт маҷбур буд, ки бо қарори «бародари бузургаш» розӣ шавад. Тавре ки аз мукотибаҳои дар нусхаи делои шахсии рақами 1451 — и агент «Абдукаримов» буда маълум мешавад, Душанбе танҳо ба он ноил гардид, ки агенти мазкур ба ихтиёри КГБ ҶШС Тоҷикистон дода шавад. Маскав аҳамияти манбаи «махсусан муҳими маълумот» — ро ба ҳисоб гирифта, ба ин шарт розӣ шуд. Дар ин маврид таъкид карда шуд, ки «Абдукаримов» танҳо бо яке аз роҳбарони баландпояи хадамоти махсуси Тоҷикистон робита дошта бошад. Ин масъала ҳамин тавр ҳам ҳал карда шуд. Дар бораи фаъолияти минбаъдаи агент «Абдукаримов» аз китоби ёддоштҳои раиси собиқи КГБ ҶШС Тоҷикистон, генерал В.В.Петкел бисёр чизҳоро донистан мумкин аст, ки дар Маскав бо теъдоди зиёд чоп шудааст. Муаллиф дар бораи ӯ чунин ёдовар мешавад : «Ҷумҳурии Тоҷикистон охири солҳои 80 — ум ва ибтидои солҳои 90 — уми асри гузашта, босуръат ба вартаи фоҷиаи миллӣ наздик мешуд. Дар ин бобат агенти махсусан муҳими мақомоти амнияти мамлакат «Абдукаримов» нақши муҳим бозидааст. Ман баъди андешаҳои зиёд аз муовини худ, ки бо агенти мазкур кор мекард, хоҳиш намудам, ки мулоқоти маро бо ӯ ташкил кунад. Мулоқоти мо дар яке аз хонаҳои махфӣ дар канори шаҳри Душанбе баргузор гардид. Мо бо «Абдукаримов» расо 3 соат сӯҳбат кардем. Ман дар аввал ба муовини худ имкон додам, ки бо агент сӯҳбат кунад. Ман сӯҳбати онҳоро бо диққат мушоҳида мекардам. Пай бурдам, ки муовини тоҷикам, ки дар назари аввал шахси ҷасур менамуд, бо агент бо овози пасту илтиҷоомез сухан мекунад. Гумон кардан мумкин буд, ки вай барои додани ҳисобот ба назди «Абдукаримов» омадааст. Новобаста ба натиҷаҳои сӯҳбат хулоса баровардам, ки Тоҷикистон бо чунин роҳбарони сохта ва бардурӯғи динӣ ҳатман ба фоҷиаи бузург мувоҷеҳ хоҳад гашт. Рафти воқеаҳо ба ин шаҳодат медод. Маскав ҳам ҷумҳурии фалокатзадаро ба ҳоли худ гузошта буд ва он торафт бештар ба вартаи худкушӣ наздик мешуд. Ҳамон солҳо ҳараҷу мараҷ ва бетартибиҳо тантанаи демократия шуморида мешуд». Ба ҳамагон маълум аст, ки баъд дар сарзамини Тоҷикистон чӣ гуна воқеаҳои мудҳиш рух доданд. Барои пурра фаҳмидани хислатҳои шахсии Тӯраҷонзода ҳуҷуми дастаҳои мусаллаҳи Маҳмуд Худойбердиевро ба вилояти Суғд дар моҳи ноябри соли 1998 ба хотир овардан кифоя аст. Дар натиҷаи ин ҳуҷуми ногаҳонӣ зиёда аз 120 нафар одами бегуноҳ кушта шуд. Ҳамон вақт хавфи ҷиддии ба порчаҳо тақсим шудани қаламрави ҷумҳурӣ он таҳдид мекард. Маҳз дар чунин рӯзҳои хунину фоҷиабор журналисти ба ҳамагон шинос Додоҷон Атовуллоев дар яке аз барномаҳои радиои «Озодӣ» ширкат варзида, халқи ҷумҳуриро даъват намуд, ки силоҳбадастони М.Худойбердиевро дастгирӣ кунад. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки Атовуллоев ба ҳикояи мо дар бораи агенти махсусан муҳим «Абдукаримов» чӣ гуна муносибат дорад? Оё изҳороти ҷаноби Атовуллоев дар моҳи ноябри соли 1998 дар бораи дастгирии ҳуҷуми аҷнабиён ба ватани ӯ ва изҳороти ҷаноби Тӯраҷонзода дар бораи расондани кӯмак ба хӯҷаинони хориҷиаш, ки ба муқобили манфиатҳои ҳаётан муҳими Тоҷикистон равона шуда буд, ягон алоқаи мантиқӣ доранд? Ба ин савол бо ҳамин зарбулмасал ҷавоб додан мумкин аст: «ба ман бигӯ ки дӯсти ту кист, ман мегӯям,ки ту чӣ гуна касӣ». Бояд гуфт, ки ҷаноби Атовуллоев рӯҳан, ахлоқан, аз ҷиҳати маънавӣ, ҷаҳонбинӣ ва тартибу интизом шахси наздиктарини ҷаноби Тӯраҷонзода мебошад. Атовуллоев на танҳо шахси наздиктарин, балки ташвиқу тарғибкунанда ва мунодии ақидаҳои ҷаноби Тӯраҷонзода аст. Тӯраҷонзода ҳадафҳои сиёсӣ ва ғаразноки худро ба воситаи Атовуллоев амалӣ сохтан мехоҳад. Ва ниҳоят, ҷаноби Тӯраҷонзода ба қарибӣ аз ваколати намояндагии худ дар парлумони ҷумҳурӣ истифода бурда, масъалаи бекор кардани хати кириллӣ ва дар мамлакат ҷорӣ намудани хати арабиро ба миён гузошта, пешниҳод намуд, ки дар бораи нобуд сохтани бойгониҳои хадамоти махсус қонун қабул карда шавад. Агенти пуртаҷриба «Абдукаримов» бо вуҷуди муғамбирию кордониаш соддалавҳона фикр мекунад, ки касе ҷуръат карда ба чунин иқдом даст зада, воқеаҳои таърихро аз хотири миллат ва наслҳои оянда зудуда метавонад. Баъдан дар бойгониҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи делои ҳуҷҷатҳои кории дуҷилда ва делои шахсии якҷилдаи ӯ маҳфуз мебошанд. Нусхаҳои аслии онҳо дар бойгониҳои хадамоти махсуси Русия ва Ӯзбекистон нигоҳ дошта мешаванд. Дар делои шахсии агенти махсусан муҳим «Абдукаримов» дар баробари тавсифномаҳои кормандони ба мо шиноси ЧК Облоқулов ва Халилов баъзе ҳуҷҷатҳоеро дидан мумкин аст, ки дар онҳо ба фаъолияти агенти мақомоти амниятӣ баҳои ҳаққонӣ дода мешавад: «Агент «Абдукаримов»… ба қадри кофӣ саводнок ва хушмуомила буда, бо дигарон ба осонӣ робита барқарор карда метавонад. Ӯ бо рақибони мо муносибати хуб дорад. Дар баробари ин хеле муғамбир ва ҳушёру корчаллон буда, танҳо бо назардошти манфиатҳои моддии худ кор мекунад. Асоси ҳамкории ӯро бо мақомоти КГБ ғаразҳои шахсӣ ва манфиати молиявӣ ташкил медиҳанд». Ва ниҳоят, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ва зиёда аз ин бо Русия пешомадҳои воқеӣ доранд ва бояд дошта бошанд. Тоҷикистон бе ҳар дуи ин давлатҳо вуҷуд дошта наметавонад, дар баробари ин, ҳар дуи ин давлатҳо бе Тоҷикистон ба чизе ноил гардида наметавонанд. Ин амри воқеист, ки рад кардани он имкон надорад. Қиссаи фаъолияти «Абдукаримов» ва сарпарастони ӯ, кормандони ЧК Облоқулов ва Халилов барин одамон дар ин чаҳорчӯбаи қонунӣ нақши муҳим намебозад. Дар фарҷоми қисса чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки файласуф ва илоҳиётшиноси машҳури фаронсавӣ дуруст таъкид карда буд: «Ҳама ба мақсади худ расидан мехоҳанд, аммо на бо он роҳе, ки Исои Масеҳ ҳидоят менамояд». Ҳафтаномаи «События», № 14 аз 9 апрели соли 2009. (Тарҷумаи АМИТ «Ховар»)Тарҷумон — Қудратов А.