Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов)- Имрӯз, 17 апрел, бародари собиқ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тагойназар Салеҳовро бо ҷурми даст доштан дар ҷинояти вазнин боздошт намуданд. Прокуратураи шаҳри Душанбе нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда ва тафтишот давом дорад.