ТАҶЛИЛИ 10 — СОЛАГИИ АГЕНТӢ ДАР ҲИСОР
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиков).- 28 апрел дар ноҳияи Ҳисор дар доираи тадбирҳои бахшида ба 10- солагии Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки ҷавонон ҷамъомади серодам баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия, сардухтури беморхонаи нашъамандон ва намояндаи агентӣ зимни суханрониашон дар бораи таъсири марговари маводи нашъадор ба ҷисми инсон ва тадбирҳои пешгирии истеъмоли он дар байни ҷавонон маълумот доданд. Дар доираи ҷамъомад дар мавзӯи «Мо- ба муқобили нашъа мубориза мебарем» озмуни расмҳои бачагона гузаронида шуд. Дар озмун ғолибон муайян карда шуда буданд, ки аз номи агентӣ бо мукофотҳои пулию молӣ сафароз гардиданд. Ба иштирокчиёни ҷамъомад ҳамчунин маълумотномаҳо ва варақаҳои тарғиботӣ тӯҳфа карда шуданд. Дар фарҷоми ҷамъомад гурӯҳи ҳунарпешагони ҳаваскор консерти калон намоиш доданд. Тарҷумаи Зебо Иноятова








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






