ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАМИН ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — 22 апрел Дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии Замин таҷлил карда мешавад. Ҳадафи таҷлили он муттаҳид сохтани сокинони мамлакатҳои гуногун барои ҳифзи муҳити зист мебошад. Ба ин муносибат аз 22 то 26 апрел дар театри ба номи Маяковский ҳафтаи филмҳои экологӣ баргузор мегардад. Ташкилкунандаи ҳафтаи мазкур Маркази фарҳангии «Бактрия» аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори Маркази экологии ҷавонон Юрий Скочилов хабар дод. Инчунин, бахшида ба Рӯзи Замин дар ин ҷо ҷамъомаду машваратҳои дигар ба нақша гирифта шудаанд. Ба муносибати таҷлили Рӯзи Замин дар давоми як ҳафта дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт ва маҳалҳои дигари аҳолинишини мамлакат маъракаҳои ниҳолшинонӣ, сабзу хуррам гардонидани кӯчаю хиёбонҳо, ба тартиб овардани атрофи биноҳо гузаронида мешаванд. Дар ин маъракаҳо аҳолии маҳаллӣ ва донишҷӯёну талабагон иштирок менамоянд.