«ТАЛКО» АЗ АШЁИ ХОМИ МАҲАЛЛӢ ИСТИФОДА БУРДАН МЕХОҲАД

Апрель 17, 2009 14:31

                Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 16 апрел дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ вазъи имрӯзаи соҳаи истеҳсоли алюминий, проблемаҳои он ва нақшаҳои истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ барои истеҳсоли алюминий мавриди муҳокима қарор дода шуд. Олимону мутахассисон ва роҳбарони Корхонаи воҳиди давлатии «ТАЛКО» масъалаҳои истифодаи технологияҳои навтаринро дар истеҳсоли алюминий ва истифодаи ашёи хоми маҳаллиро дар корхона баррассӣ намуданд. Мудири молия ва тиҷорати корхона Шералӣ Кабиров дар маҷлиси Шӯрои илмии академия дар бораи дастовардҳои истеҳсолии корхона, нақшаҳои ояндаи густариши фаъолияти он, амалӣ сохтани барномаҳои самарабахше сухан ронд, ки ҳадафи онҳо ба таври куллӣ такмил додани фаъолияти корхона мебошад.                Ш.Кабиров дар бораи сарфаи қувваи барқ сухан ронда, зикр намуд, ки бо вуҷуди такмил додани ҷараёни технологӣ барои истеҳсоли алюминиӣ масрафи калони қувваи барқ талаб карда мешавад. Бинобар ин корхона силсилаи тадбирҳое меандешад, ки ҳадафи онҳо ҳар чӣ зудтар бунёд кардани нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ мебошад. Бо ин мақсад барои сохтмони НБО «Роғун» 247 навъи техникаи нақлиётӣ ва заминкан харида шуд.                 Мо дар бобати истифодаи усулҳои технологие, ки ба кам кардани масрафи қувваи барқ мусоидат мекунанд, натиҷаҳои назаррас ба даст овардем, гуфт Ш.Кабиров. Соли 2008 барои истеҳсоли як тонна алюминиӣ 15848 киловатт — соат қувваи барқ сарф карда шуд, ки ин ба меъёри корхонаҳои саноатии мамлакатҳои мутараққӣ баробар аст. Проблемаи дигари соҳа бо ашёи хом таъмин намудани корхона мебошад. Айни ҳол аз хориҷа ба мамлакат дар давоми сол бештар аз 1 миллион тонна гили махсус ва 7 ҳазор тонна маъдани фтордор ворид карда мешавад.                Сипас сухан дар бораи роҳу усулҳо ва имконияти бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин намудани корхона рафт. Ш.Кабиров зикр намуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон якчанд манбаи ашёи хоми соҳаи истеҳсоли алюминиӣ, аз ҷумла, кони гили махсуси «Турпи» дар ҳудуди ноҳияи Рашт, кони «Тутак» (Девонсу), кони маъдани алюминийдори «Назар Айлоқ» ва кони гили оташбардор ва реги кварсдори «Чашмасанг» мавҷуданд. Вазифаи дигари муҳим барои корхона дар Тоҷикистон ба роҳ мондани истеҳсоли маъдани фтордор мебошад. Тибқи нақша дар Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷикхимпром» — и ноҳияи Ёвон чунин корхона бунёд карда хоҳад шуд. Дар корхонаи мазкур дар давоми сол 12 ҳазор тонна криолит ва 18 ҳазор тонна махлути фтору алюминиӣ истеҳсол карда мешавад. То имрӯз барои корхонаи мазкур аз ҳисоби «ТАЛКО» ба маблағи 30 миллион доллари ИМА дастгоҳу таҷҳизот харида шуд, бинои корхонаро ташкилоти сохтмонии «ТАЛКО» месозад.                Барои амалӣ сохтани ҳамаи ин тадбирҳо аз маблағҳои худи корхона истифода бурда мешавад. Дар давоми се соли охир барои амалӣ сохтани онҳо 449 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Дар ин муддат барои сохтмони асосӣ 278,4 миллион сомонӣ сарф шуд.              Илова бар ин барои таъмини эҳтиёҷоти корхона навъҳои гуногуни техника, аз ҷумла, кранҳо, белҳои гуногунҳаҷм, таҷҳизоти боргиру борфурор, асбобҳои рехтагарӣ ва тоза кардани кӯраҳои гидролизӣ ва ғайра харида шуданд. Ба қарибӣ барои харидани чор крани хурдҳаҷми дохили коргоҳҳо қарордод имзо карда шуд.               Мудири молияи КВД «ТАЛКО» дар бораи тадбирҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист сухан ронда, гуфт, ки айни ҳол дар корхона ба туфайли истифодаи асбобу анҷом ва таҷҳизоти навтарин газҳои хориҷшаванда то 99 фоиз тоза карда мешаванд.               Ш.Кабиров изҳор намуд, ки таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ вақтҳои охир дар КВД «ТАЛКО» низ ҳис карда мешавад. Вай зикр намуд, ки соли гузашта дар бозори фулузоти камёб ва рангаи Лондон нархи як тонна алюминиӣ 3291,5 доллари ИМА буд, вале моҳи феврали соли 2009 нархи он то 1253,5 доллар арзон шуд. Ин сабаби зиёновар гардидани истеҳсоли алюминиӣ дар саросари ҷаҳон гардид. Имрӯз гуфтан мумкин аст, ки истеҳсоли як тонна алюминиӣ бештар аз 700 доллари ИМА зарар меорад.                 Роҳбарияти корхона дар чунин шароити ғайримуқаррарӣ нақшаи стратегии то ҳадди имкон кам кардани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявиро тартиб дода ва амалӣ месозад. Аз ҷумла, ояндаи наздик дар корхона 130 кӯраи электролиз аз кор боздошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то 380 ҳазор тонна кам карда мешавад. Мо дар баробари ин шумораи коргаронро кам намекунем. Танҳо давомоти рӯзи корӣ як соат кам карда, коргарони баъзе коргоҳҳо ба рухсатии бепул ҷавоб дода шуданд, гуфт Ш. Кабиров.              Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки олимон дар фарҷоми мулоқот нақшаҳои зиддибӯҳронии корхонаро дастгирӣ намуда, ба нақшаҳои он дар бораи истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ баҳои баланд доданд.

Апрель 17, 2009 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад