ТАЪСИРИ БӮҲРОНИ ИҚТИСОДӢ БА ИДОРАИ НОТОРИАЛИИ КӮЛОБ

Апрель 21, 2009 13:20

                Кӯлоб, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бӯҳрони иқтисодии молии ҷаҳонӣ ба идораи нотариалии давлатии шаҳри Кӯлоб таъсири манфӣ расонид, гуфт сардори нотариуси давлатии шаҳри Кӯлоб Хушвахт Ашӯров ва афзуд, ки амалиётҳои нотариалӣ нисбати соли гузашта 100 адад кам гардидааст. Ба гуфтаи ин манбаъ дар моҳи март 447 амалиёт гузаронида шудааст. Мавриди зикр аст, ки аз 447 амалиёт маблағи 9766 сомон ба буҷаи давлат пардохт гардидааст. Гуфта мешавад, ки идораи нотариалӣ аз рӯи 13 амалиёт ба муроҷиати шаҳрвандон хизмат мерасонад. Ба гуфти Х. Ашӯров муроҷиати шаҳрвандон ба хариду фурӯши хона, тӯҳфаи манзили истиқоматӣ, шартномаи мерос ва дигар шартномаҳои гуногун кам гардида, бештари шаҳрвандон ба ваколатҳои ронандагӣ мароқ зоҳир менамоянд.   

Апрель 21, 2009 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд