ТЕЪДОДИ ДУХТУРОНИ ОИЛАВӢ МЕАФЗОЯД

Апрель 22, 2009 15:44

                Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов дар ҷараёни нишасти матбуотии бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат ва муассисаҳои тобеи он зикр намуд, ки дар давоми се моҳи гузашта курсҳои махсуси тайёр кардани духтурони оилавиро 79 духтур ва 44 ҳамшираи шафқат хатм намуд. Дар миқёси мамлакат то имрӯз 1578 духтури оилавӣ ва 1721 ҳамшираи шафқат тайёр карда шуд. Дар вилоятҳои Суғду Хатлон бо кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ барномаи беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои тиббии кӯмаки аввалия амалӣ карда мешавад.                Дар ҳамаи ноҳияҳо ислоҳоти соҳаи тандурустӣ давом дорад. Аз ҷумла дар шаш ноҳияи озмоишӣ тадбирҳои иловагии беҳтар сохтани саломатии аҳолӣ андешида мешаванд. Дар маҳалҳо муассисаҳои тиббии нав сохта, муассисаҳои тиббии кӯҳнаю фарсуда тармим ва барқарор карда мешаванд. Онҳо тадриҷан бо асбобу анҷоми тиббӣ, компютерҳо, генераторҳо ва нақлиёт таъмин мегарданд. То имрӯз дар 55 муассисаи тиббию санитарии ноҳияҳои озмоишӣ корҳои сохтмону тармим анҷом ёфтааст.                 Дар доираи барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ тармиму таҷдиди бинои кафедраи тибби оилавии рақами дуюми Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино давом дорад. Дар ноҳияи Рашт рӯзҳои наздик сохтмони чор бунгоҳи муоинаи тиббӣ ба охир мерасад. Дар ин ҷо тармими системаи обрасонии шифохонаи марказӣ ба нақша гирифта шудааст.                Дар ноҳияи Айнӣ тармими Маркази саломатӣ давом дорад. Чунин марказҳо дар деҳаҳои Похут ва Шӯрмашк низ сохта мешаванд. Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барқарор сохтани шифохонаи деҳаи Мадрушкат дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ояндаи наздик дар деҳаҳои Роғ, Пастиғав, Ғузӣ, Худгифи Соя ва Лангар ҳам бунгоҳҳои тиббӣ бунёд карда мешаванд. Қайд карда шуд, ки айни ҳол дар Донишкадаи такмили маҳорати духтурон 610 корманди соҳаи тиб таҳсил мекунад.

Апрель 22, 2009 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад