«ТОҶИКМАТЛУБОТ» ДЕҲҚОНОНРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЯД
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Дар зимистони соли 2008-2009 аз ҳисоби захираҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба воситаи муассисаҳои савдо ва бозорҳои соҳа ба миқдори 690 тонна пиёз, 1220 тонна картошка, 102 тонна мева ва 390 тонна ғаллагӣ ба фурӯш бароварда шуда, ҷиҳати хариди маҳсулот аз кишоварзон то 20 апрели соли ҷорӣ 611 адад шартнома баста шуд, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми он 23666 тонна маҳсулотро дар бар мегирад», — гуфт зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Гулнора Қоқова. Г. Қоқова афзуд, ки барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба деҳқонон 107 адад нуқта ва гӯшаҳои фурӯши нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ташкил карда шуда, ба воситаи онҳо зиёда аз 126 тонна нуриҳои минералӣ ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ фурӯхта шуд. Мавриди зикр аст, ки мувофиқи шартномаҳои басташуда ва нақшаи қабулгардида дар семоҳаи аввали соли 2009 ба маблағи 16,8 миллион сомонӣ намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзй харид карда ба савдо бароварда шуд, ки нисбат ба нақша 1,1 миллион сомонӣ ва назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз миқдори умумии маҳсулот гӯшт 516 тонна, шир 319,2 тонна, тухм 883 ҳазор дона, картошка 1628,6 тонна, сабзавот 2869,4 тонна, меваи тару тоза 233,2 тонна, меваи хушк 251 тонна, маҳсулоти ғаллагӣ 1486 тонна, чормағз 57,6 тонна ва асал 24,3 тоннаро ташкил менамоянд.