Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Июнь 25, 2025 10:25

ДУШАНБЕ, 25.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз санаҳои бузургу муқаддаси таърихии ватанамон буда, он ҳамчун пурарзиштарин дастоварди даврони Истиқлоли давлатӣ дар фазои сулҳу субот ва якдилию ҳамдигарфаҳмӣ таҷлил мегардад. Чунин гуфта шуд дар ҷамъомади тантанавие, ки дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки ин неъмати бебаҳои таърихӣ дар ҷумҳурии мо бо азму талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, акнун 28 сол мешавад, ки моро дар амну осоиштагӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.

Имрӯзҳо натанҳо мардуми Тоҷикистон, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб эҳсос менамояд, ки ба халқи тоҷик ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Имрӯз Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар эътироф менамояд.

Гуфта шуд, ки кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, фаҳмондадиҳию тарғиботӣ фаъолона иштирок намуда, барои дӯстиву рафоқат, ягонагию муттаҳидии минбаъдаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ инчунин кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба аҳаммияти Ваҳдати миллӣ, нақши он дар пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон сухан намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 25, 2025 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд