ТОҶИРОНИ ХАТЛОН БА УФА МЕРАВАНД
Қӯрғонтеппа, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Дар вилояти Хатлон коршиносон фаъолияти палатаи савдою саноати вилоятро хуб баҳогузорӣ мекунанд. Ба ақидаи коршиносон ин метавонад, бешубҳа, ба ривоҷ ёфтани равобити иқтисодӣ бо дигар кишварҳо имконияти васеъ фароҳам оварад. Тавре аз палатаи савдою саноати вилояти Хатлон (ПСС) ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, палатаи савдою саноати Бошқирдистон омодагии худро оиди ҳамкорӣ намудан изҳор карда, ҳамзамон ҷиҳати иштирок намудан дар намоишгоҳи махсусгардонидашудаи «Газ, нефт ва Технология-2009» ва Конгресси саноати нефту гази Россия, ки аз 26 то 29 майи соли ҷорӣ дар ш.Уфа баргузор мегардад, даъват намудааст. Ин маълумот ба ҳамаи аъзоёни палата расонида шудааст. Ҳамзамон дар нақша ҳаст, ки дар оянда дар вилояти Хатлон намоишгоҳҳо ва бизнес — форумҳои Олтой ва вилояти Владимири Федератсияи Россия гузаронида шавад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






